Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Обама ба ташкили зудтари ҳукумати нави Ироқ


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, аз аҳзоби мухолифи Ироқ даъват кард, ҳукумати навро бидуни таъхир ташаккул диҳанд. Ин даъват дар шакли як изҳороти Кохи Сафед пас аз мулоқоти Обама бо сафири Амрико дар Ироқ, Кристофер Ҳилл ва фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ Рей Одиерно нашр гардид. Интихоботи порлумонӣ дар Ироқ дар моҳи март ҷараён ёфт, аммо то ҳоло аҳзобу эътилофҳо натавонистаанд, дар масъалаи сарвазир ва аъзои ҳукумат ба созиш расанд. Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, омодагии Амрико ба коҳиши нерӯҳояш дар Ироқ пеш аз мӯҳлат идома дорад.
XS
SM
MD
LG