Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи СММ Сербистонро маъюс ва Косоворо хушҳол кард


Сербистон ҳукми додгоҳи Созмони Милал дар мавриди эъломияи истиқлоли Косово дар соли 2008-ро напазируфт, ки эъломияи мазкурро қонунӣ хонд. Баъди судури ҳукми Додгоҳи байналмилалии адолат дар шаҳри Гаага, Вук Йеремич, вазири умури хориҷии Сербистон, гуфт, кишвараш ҳеҷ гоҳ истиқлолияти Косоворо ба расмият нахоҳад шинохт: "Сербистон ҳеҷ гоҳ ва таҳти ҳеҷ шароите, эъломияи якҷонибаи истиқлоли ба истилоҳ Ҷумҳурии Косоворо ба расмият нахоҳад шинохт. Мавқеъи мо тағйир нахоҳад ёфт ва ман мӯътақидам, ки мавқеъи тамоми бозигарони бузург дар ҷомеаи байналмилалӣ, баъди ин ҳукми кӯтоҳназарона ва фаннӣ дар ин масъала тағйир нахоҳад кард."
Вук Йеремич гуфт, “хулосаи сиёсии” ҳукми имрӯза бояд ба Маҷмаъи умумии Созмони Милал дода шавад. Аммо Искандар Ҳюсенӣ вазири умури хориҷаи Косово гуфт, Сербистон бояд бо Косово ҳамчун “кишвари мустақил” рафтор кунад. Вазорати умури хориҷаи Амрико ҳам аз ҳукми додгоҳи Созмони Милал истиқбол карда ва гуфтааст, “барои Аврупо фурсати он расидааст, то барои ояндаи муштарак муттаҳид шаванд.”
XS
SM
MD
LG