Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи СММ эъломияи истиқлоли Косоворо "қонунӣ" хонд


Додгоҳи олии Созмони Милал ҳукм кард, ки эъломияи истиқлоли Косово аз Сербистон дар соли 2008 қонунӣ будааст. Ҳисашӣ Овада, раиси Додгоҳи байналмилалии адолат зимни қироати ҳукм гуфт, эъломияи Косово мухолифи қонунҳои байналмилалӣ ва мухолифи Қатъномаи шумораи 1244 Созмони Милал набудааст: "Додгоҳ ба ин натиҷа расид, ки қабули эъломияи истиқлол дар рӯзи 17 феврали соли 2008 қонуни умумии байналмилалӣ ва Қатъномаи шумораи 1244 Шӯрои Амният, ё чаҳорчӯби конститутсиониро нақз накардааст. Дар натиҷа он эъломия мухолифи ҳеҷ муқаррароти корбастпазири қонунҳои байналмилалиро нақз накардааст." Ҳисашӣ Овада гуфт, аксарияти додрасон гуфтаанд, ки эъломияи истиқлоли Косово мухолифи қонунҳои байналмилалӣ набудааст. Сербистон соли 2009 ба Додгоҳи байналмилалии адолат шикоят бурд ва гуфт, эъломияи истиқлолияти раҳбарони албании Косово “нақзи бармалои” тамомияти арзии Сербистон мебошад. Сербҳо назорати Косоворо, ки сарзамини аҷдодии худ медонанд, дар соли 1999 баъди дахолати низомии НАТО аз даст доданд.
XS
SM
MD
LG