Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати "Тоҷикэйр" мегӯяд, ки фаъолиятҳои худро баъди ихлоле, ки ахиран дар кори ин ширкат пеш омада буд, пурра роҳнадозӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки сару садоҳо дар бораи шиддати рақобати миёни ин ширкат ва ширкати хусусии "Сомон эйр" бештар шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ду сафари ахирашро тариқи ҳавопаймоҳои ширкати «Сомонэйр» анҷом додааст.

Анвар Мақсудов, мудири кулли ширкати «Тоҷикаэронавигатсия» гуфт, сафарҳои раисҷумҳур тариқи ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷикэйр” низ сурат мегирад ва он сирф ҷанбаи фаннӣ доранд, яъне ҳар хатсайр дар ихтиёри кадом ширкате, ки набошад, ҳамон интихоб мешавад.:

«Масалан, сафари Ҷаноби Олӣ ба Алма - ато. Албатта, ин масъулияти мо нест, ки он кас бо кадом ширкат парвоз мекунанд. Ин масъалаи амниятист ва тасмимро хадамоташон мегирад».

Мудири кулли ширкати «Тоҷикаэронавигатсия» тайи нишасти хабарие сӯҳбат мекард, ки ба дунболи нишасти хабарии ширкати «Тоҷикэйр» сурат мегирифт ва сарусадоҳо дар ҷомиаву расонаҳо рӯи мухолифатҳои пинҳонии ин ширкат ва «Сомонэйр» чандин сол ба ин сӯ идома доранд.

Рақобати сирф тиҷоратӣ?


Алимурод Маҳмадалиев, мудири кулли «Тоҷикэйр» гуфт, ширкаташ бо «Сомонэйр» рақобати сирф тиҷорӣ дорад, ки хоси иқтисоди бозаргонист:

«Агар «Сомонэйр» дар бари мо намешуд, мо ин қадар мушкилро аз куҷо ҳал мекардем?»

Зимнан, имсол барои "Тоҷикэйр" соли пурмушкил будааст. Тибқи иттилоъи расмӣ, "Тоҷикэйр" аз собиқ ниҳодҳои таҳти назораташ -«Фурудгоҳи Душанбе» 25, «Ширкати нафтрасонӣ» - 15 ва ширкати «Тоҷикаэронавигатсия» - 7 , ҷамъ 447 миллион сомонӣ, муодили беш аз 10 миллион доллар қарздор аст.

Тибқи иттилоъи "Тоҷикэйр", тайи соли равон дар қиёс бо 6 моҳи аввали соли гузашта 63 парвоз кам анҷом дода ва низ 28 ҳазор кам мусофир интиқол додааст. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки «Сомонэйр» дар ин муддат 100 дарсад теъдоди парвозҳояшро зиёд кардааст ва 9 ширкати русӣ 260 парвоз бештар анҷом дода, 33 ҳазор мусофир бештар интиқол додаанд ва дар кулл 38 дарсади парвозҳои Тоҷикистон ба онҳо рост меояд.

Мудири кулли "Тоҷикэйр" гуфт, ин коҳишҳо дар нишондодҳои ширкат 11 миллион доллари амрикоӣ хисорот овардаанд ва сабабаш ҳам қабл аз ҳама дар таъмир будани ҳавопаймоҳо - як Боинг ва як Ту 154, тақсими хатсайрҳо бо «Сомонэйр» ва афзудани рақобат дар бозор унвон кард. Аммо оқои Маҳмадалиев гуфт, аз моҳи июн Тоҷикэйр пурра бо тамоми қудрат ба кор шурӯъ кард ва аз Латвия ду Боинг ва се экипажи сарнишинҳоро низ киро кардаанд, ки ба наздикӣ ба кор шурӯъ мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан расонаҳои Тоҷикистон аз харидории ду Боинги ҷадид бо маблағи 160 миллион даллари ширкати «Талко» барои «Сомонэйр» иттилоъ дода буданд.

"Ҳадаф танг кардани ҷойгоҳи Тоҷикэйр аст"

Як нафар аз собиқ кормандони фурудгоҳ хушбинии раҳбарияти "Тоҷикэйр"-ро таҳти шубҳа гузошта, мегӯяд, дар асл раванди муфлисшавии ин корхона идома дорад, ки аз сӯи гурӯҳҳои молиявию иқтисодӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Ӯ қазияи 10 соат бо далели қарздорӣ аз «Ширкати нафтрасон»-и фурудгоҳ аз парвоз мондани тайёраҳои "Тоҷикэйр" дар моҳи июнро мисол овард.

Вай гуфт: «Сомонэйр» бо истифода аз тамоми имконот мекӯшад, майдони «Тоҷикэйр»-ро танг кунад.

Нафари дигаре аз коршиносон, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт, кӯшишҳо барои муфлис кардани "Тоҷикэйр" ба марҳалаи ниҳоӣ расида, миёни ширкат ва рақибонаш як гуна ҳусни тафоҳум ба миён омадааст.

Ӯ бо ширкати «Сомонэйр» тақсим шудани хатсайрҳо ва дар ихтиёри бонкҳои таҳти назорати афроди баландпояи Тоҷикистон қарор гирифтани муомилаҳои бонкии Тоҷикэйррро далели ин мусолиҳа унвон кард. Дар ҳоли ҳозир, тибқи иттилоъи «Тоҷикэйр», ҳисобҳои бонкии ширкат дар Бонки рушди Тоҷикистон ва «Ориёнбонк» вуҷуд доранд.

"Аввал муфлис мекунанд, баъд хусусӣ"

Давлат Усмон, коршинос дар умури иқтисод воқеияти ҳамчунин як шоеъаро аз эҳтимол дур намедонад:

«Аз ҳама зиёд ҳадсу гумони рақобат зиёдтар аст. Аммо аз эҳтимол дур нест, ки ширкат дар оянда қарздор ва сараш фишор ҳам зиёд шавад. Ва шояд ягон барномае барои муфлисшавиаш низ вуҷуд дорад, зеро ширкати давлатиро ҳамеша дар оғоз муфлис мекунанд, баъд хусусӣ. Ин таҷриба вуҷуд дорад. Аммо воқеияти ин фарзияҳоро мо наметавонем рӯшан гӯем, зеро маълумот дар бораи "Тоҷикэйр" хеле кам аст».

«Тоҷикэйр», ширкати давлатии Тоҷикистон аст, ки дар оғози истиқлолият 100 дарсади бозори Тоҷикистонро дар даст дошт. Тибқи иттилоъи расмӣ, ҳоло 25 ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон фаъолият доранд. Аз ин теъдод, ба шумули «Тоҷикэйр», дуи дигар — «Сомонэйр» ва «Истэйр» дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд, аммо дар мавриди муассисонашон маълумоти кофӣ вуҷуд надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG