Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ мегӯяд, эъломи истиқлоли Косово "ғайриқонунӣ" набудааст


Додгоҳи олитарини Созмони Милал қироати ҳукм дар мавриди эъломияи истиқлоли Косово аз Сербистон дар соли 2008-ро шурӯъ кард, ки то куҷо ин амал қонунӣ будааст. Ҳисашӣ Овада, раиси Додгоҳи байналмилалии адолат ҳангоми қироати ин ҳукм гуфт, эъломияи истиқлоли Косово, “нақзи” қонунҳои умумии байналмилалӣ набудааст. Қироати ҳукм тақрибан соати 8 ба вақти Душанбе хотима меёбад. Сербистон соли 2009 ба Додгоҳи байналмилалии адолат шикоят бурд ва гуфт, эъломияи истиқлолияти раҳбарони албании Косово “нақзи бармалои” тамомияти арзии Сербистон мебошад. Сербҳо назорати Косоворо, ки сарзамини аҷдодии худ медонанд, дар соли 1999 баъди дахолати низомии НАТО аз даст доданд.
XS
SM
MD
LG