Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози қироати ҳукми додгоҳи СММ дар мавриди Косово


Додгоҳи олитарини Созмони Милал қироати ҳукми худ доир ба эъломи истиқлоли Косово аз Сербистон дар соли 2008-ро шурӯъ кард, ки то куҷо ин амал қонунӣ будааст. Интизор меравад, ҳукми додгоҳ тақрибан соати 8 ба вақти Душанбе содир шавад. Сербистон соли 2009 ба Додгоҳи байналмилалии адолат шикоят бурд ва гуфт, эъломияи истиқлолияти раҳбарони албании Косово “нақзи фоҳиши” тамомияти арзии Сербистон мебошад. Сербҳо назорати Косоворо, ки сарзамини аҷдодии худ медонанд, дар соли 1999 баъди дахолати низомии НАТО аз даст доданд. Ҳукми додгоҳи байналмилалӣ дар Гаага танҳо машваратӣ хоҳад буд, аммо ба гуфтаи коршиносон метавонад барои минтақаҳои дорои ҳаракатҳои ҷудоихоҳӣ паёмадҳое дошта бошад. Косоворо ба ғайр аз 70 кишвар, дигар касе ба расмият нашинохтааст.
XS
SM
MD
LG