Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

OSCE хостори ирсоли фаврии пулис ба Қирғизистон шуд


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо имрӯз тавофуқ кард, то як гурӯҳи машваратии полис “бидуни таъхир” ба Қирғизистон фиристода шавад. Гурӯҳи мазкур дар амри коҳиши танишҳои байниқавмӣ ва тақвияти қудрати нерӯҳои минтақавии полис ба Қирғизистон кӯмак хоҳад кард. Бар асоси тавофуқнома бо Қирғизистон, гурӯҳи машваратӣ 52 нафарии полис фаъолияти ҳамтоёни қирғизи худро назорат мекунанд ва ба онҳо машварат медиҳанд. Онҳо ғайримусаллаҳ буда ва ҳаққи фармондиҳӣ нахоҳад дошт ва дар марҳилаи аввал барои чаҳор моҳ фаъолият хоҳад кард ва дар сурати зарурат ҳузури онҳо тамдид хоҳад шуд. Дар низоъҳои қавмии байни ӯзбаку қирғизҳо дар шаҳрҳои Ҷалолобод ва Ӯш дар моҳи июн бештар аз 300 нафар кушта ва ҳазорон тани дигар овора шуданд.
XS
SM
MD
LG