Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии миллӣ, ки дар ноҳияи Рашт баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳо 180 паҳлавон аз манотиқи мухталифи кишвар мувофиқи вазни худ қувваозмоӣ карданд.

Панҷ нафар гуштигирони Душанбе – Каримзод Убайдов (дар вазни 60 кг), Раҳматуллоҳи Муҳаммад (65 кг), Исроил Неъматов (75 кг), Хурсанд Ҳомидов (95 кг) ва Камолиддин Давруков (+95 кг) - ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Ду гуштигири ноҳияи Рӯдакӣ - Муборакшоҳ Ибодов (80 кг) ва Наҷибуллоҳ Ҷабборов (95 кг), инчунин, Пайрав Шоеви кӯлобӣ, (55 кг) ва Сӯҳроб Абдуҷаббори раштӣ (70 кг) бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Парвиз Ҷобиров, узви дастаи водии Рашт, дар вазни мутлақ ғолиб шуд. Исроил Неъматови душанбегӣ беҳтарин гуштигири ин мусобиқа эътироф гашт.

Душанбегиҳо бо 5 медали тилло дар ҳисоби дастаӣ мақоми аввалро касб карданд. Дастаи ноҳияи Рӯдакӣ бо 2 медали тилло дуввум шуд. Дастаи мунтахаби водии Рашт дар ҷои севум қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG