Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

OSCE ба Қирғизистон пулис мефиристад


Тамоми 56 кишвари узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо тасвиби қароре барои фиристодани гурӯҳи машваратии пулис ба Қирғизистон тавофуқ карданд. Бар асоси қарори Шӯрои доимии созмон, гурӯҳи машварии пулиси байналмилалӣ ба Қирғизистон дар амри коҳиши танишҳои байниқавмӣ ва тақвияти қудрати воҳидҳои минтақавии вазорати умури дохилаи Қирғизистон кӯмак хоҳад кард. Гурӯҳи машваратӣ аз 52 нафар маъмури ғайримусаллаҳи пулис иборат буда ва ҳеҷ ҳаққи фармондиҳӣ нахоҳад дошт ва дар марҳилаи аввал барои чаҳор моҳ фаъолият хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG