Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, Аҳмад Боқиев бародари Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури барканоршудаи ин кишварро дар шаҳри Ҷалолобод боздошт карданд. Мақомот мегӯянд, ӯ мусаллаҳ буда, аммо бидуни муқовимат таслим шудааст.

Мелис Турғуналиев, муовини вазири умури дохилӣ гуфт, Аҳмад Боқиев зимни як амалиёти нерӯҳои махсус шоми чаҳоршанбе дастгир шудааст.

Ба гуфтаи мақомот, Аҳмад Боқиев мусаллаҳ буда, вале зимни боздошташ муқовимат накардааст. Интизор меравад, ки ӯро ҳамин рӯз ба шаҳри Бишкек интиқол диҳанд.

Аҳмад Боқиев ва дигар хешовандони Қурмонбек Боқиевро ба барангехтани ошӯбҳо ва низоъҳои байниқавмӣ дар ҷануби Қирғизистон муттаҳам мекунанд.

Ноиби пешини Жаниш Боқиев худро ба мақомот таслим кард

Як мақоми аршади амниятии Қирғизистон, ки ба нақши умда дар тирандозӣ ба тазоҳуркунандагони аввали моҳи апрел дар Бишкек айбдор мешавад, худро ба мақомоти давлати Роза Отунбоева таслим кардааст.

Нурлан Темирбоев, ноиби раиси Хадамоти амниятии Қирғизистон дар замони раҳбарии бародари президенти барканоршудаи ин кишвар Жаниш Боқиев ба ин хадамот ҳоло дар маҳбас Бишкек ба сар мебарад.

Худи Жаниш Боқиев низ мавриди пайгарди мақомоти Қирғизистон қарор дорад. Овозаҳои мухталифе дар мавриди макони буду боши ӯ дар расонаҳо хабарӣ нашр шудааст. Аз ҷумла бархе аз расонаҳои Қирғизистон ва Русия навишта буданд, ки ӯ дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ ёфтааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон ин даъворо рад карданд.

Дар талоши саркӯб кардани тазоҳуроти рӯзҳои 6-ум ва 7-уми апрел дар Қирғизистон 86 нафар кушта шудаанд. Дар ҳамин ҳол вазири корҳои дохилии Тоҷикистон хабарҳои дар Бадахшони Тоҷикистон пинҳон будани Жаниш Боқиевро рад намуд.

Қирғизистон дигарбора хидмати ҳарбиро ҳатмӣ кард

Ҳукумати Қирғизистон қарор кард, то хидмати ҳарбии яксола барои ҷавонон барқарор карда шавад. Бо ин фармон, қарори Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирзистон беэътибор эълом шуд.

Ӯ дар ду соли пеш иҷоза дод, то ҷавонони хоҳишманд дар ивази 255 доллар на як соли ҳатмӣ, балки як моҳ дар сафи артиш хидмат кунанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарони қирғиз амри ҳукумати нав метавонад, сабаби аз роҳҳои ғайриқонунӣ раҳо шудани ҷавонон аз хидмат дар сафи артиш шавад.

Қурмонбек Боқиев баъди ҳаводиси хунбори 7 ва 8 -уми апрел дар Бишкек ба ҷануби Қирғизистон фирор кард ва баъди як ҳафта аз он ҷо ба кишвари ҳамсояи Қазоқистон рафт. Ӯ дар Қазоқистон истеъфои худро эълон кард феълан дар шаҳри Мински Белорус ба сар мебарад.

Ҳукумати Қирғизистон борҳо хостори боздошт ва истирдоди Боқиев шуд, аммо Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус шахсан аз ӯ ҳимоят мекунад ва монеъ аз боздошти Боқиев шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG