Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Узбакистон аз ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон


Бино ба иттилои Телевизиюни давлатии Узбакистон роҳбаладони қатораҳои Тоҷикистон дастуроти транзитиро ҳини убур аз қаламриви ин кишвар риоят намекунанд. Шабакаи аввали телевизиюни Узбакистон тайи барномаи вижае,ки 19 июл пахш шуд,аз ҷониби Тоҷикистон хост то дастуроти байналмилалии транзитиро риоя намуда аз паймонҳои бастаи ширкатҳои роҳи оҳани ҷонибайн пайравӣ намоянд. «Ҳукумати Тоҷикистон бояд иқдоми ҷидди дар ростои риоя кардани муқарароти байналмилалии транзити мусофиронро риоя намуда пойбанди паймонҳои бастаи ширкати роҳи оҳани Узбакистон Темир Ёллари ва Роҳи Оҳани Тоҷик бошад»афзудааст ин барнома. Ин барноми иддао кардааст,ки нигаҳбонони қатораҳои тоҷик муқаррароти ҷаҳонӣ ва қонуни Узбакистонро зери по кардаанд. «Дар ҷараёни бозҷуӣ ошкор гашт, ки дар қатораҳои Тоҷикистон муқаррароти байналмилалии транзити мусофир ба таври ҷиддӣ вайрон шудааст»дар идома гуфтааст ин барнома. Тавре да боло зикр шуд,бар пояи тавофуқоти ширкатҳои роҳи оҳини ду кишвар,ҳеҷ мусофири узбак иҷозаи хариди билет ва савор шудани қатораҳои убурии Тоҷикистонро надорад. Гуфта мешавад неруҳои инмизомии узбак даҳҳо ҳодисаи мусофирати ғайриқонунии шаҳрвандони ин кишвар тавассути қатораи Душанб-Маскавро ошкор кардаанд. Дар ҷараёни барнома мусоҳибаи иддае аз он мусофирон нишон дода шудааст,ки даъво мекарданд барои интиқоли худ ба нигаҳбонони қатораҳои тоҷик маблағ пардохт намудаанд. «Шаҳрвандони узбак гуфтаанд,ки баъзе мусофироне,ки бидуни иҷозат вориди қатора шудаанд аз онҳо то 200.000 сом(бештар аз 125 доллар),аз дигарон 2,000 рубл(бештар аз 65 доллар) дархост шудааст. Инчунин дар барнома яке аз роҳбаладон низ нишон дода шуд,ки дархости пул аз мусофиронро инкор менамуд. Телевизиюни давлатии Убакистон инчунин иддао кардааст.ки роҳбаладони қатораҳои транзитии тоҷик хориҷиёни гумонбар ба нақзи низоми раводиди Узбакистонро кумак кардаанд то аз кишвар берун раванд.


XS
SM
MD
LG