Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон дигарбора хидмати ҳарбиро ҳатмӣ кард


Ҳукумати Қирғизистон фармон дод, то хидмати ҳарбии яксола барои ҷавонон барқарор карда шавад. Бо ин фармон, қарори Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирзистон беэътибор эълом шуд, ки ӯ дар ду соли пеш иҷоза дод, то ҷавонони хоҳишманд дар ивази 255 доллар на як соли ҳатмӣ, балки як моҳ дар сафи артиш хидмат кунанд. Ба гуфтаи таҳлилгарони қирғиз амри ҳукумати нав метавонад, сабаби аз роҳҳои ғайриқонунӣ раҳо шудани ҷавонон аз хидмат дар сафи артиш шавад.
XS
SM
MD
LG