Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи ғофилгирона ба нерӯҳои ҳукуматии Яман


Мақомоти Яман мегӯянд, бар асари як ҳамлаи ғофилгиронаи аъзои мазнуни “Ал-Қоида” ба як корвони мошинҳои низомиён, дасти кам 5 нафар кушта шуданд. Айни замон дар набарди қабоили тарафдори ҳукумат бо шӯришиёни шиъамазҳаб дар шимоли Яман дасти кам 20 нафар ҷон додаанд. Ҳамлаи ҳалқаи Ал-қоида дар вилояти ҷанубии Шабва сурат гирифта ва саввумин ҳамлаи Ал-қоида ба нерӯҳои ҳукуматӣ дар панҷ ҳафтаи ахир мебошад. Дар ҷангҳои пароканда дар шимоли Яман аз соли 2004 то кунун 3 ҳазор нафар ҳалок ва 350 ҳазор тани дигар беҷо шудаанд.
XS
SM
MD
LG