Пайвандҳои дастрасӣ

"Аҳолии" Facebook ба ним миллиард нафар расид


Фейсбук, портали иҷтимоии интернетӣ эълом кард, ки теъдоди истифодабарандагони он ба 500 миллион нафар расидааст, яъне ҳоло ҳар 14 сокини курраи Замин дар Фейсбук саҳифаи худро доранд. Марк Зукерберг, муассиси Фейсбук, имрӯз гуфт, ҳадафи ширкати онҳо, “кӯмак ба бозтар шудани ҷаҳон ва ба ҳам васлтар шудани ҷаҳониён аст”. Ӯ афзуд, ҳангоми таъсиси Фейсбук дар шаш соли пеш ҳеҷ тассавур намекард, ки мардум аз хадамоти ин портал ин қадр холиқона истифода мебаранд. Фейсбук портали иҷтимоии интернетист, ки ҳар нафар дар метавонад, бо дӯстонаш дар ҳар гӯшаи дунё иртибот дошта бошад ва онро мисли рӯзнома ҳам истифода кунад.
XS
SM
MD
LG