Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди HRW аз Чин барои амалкардҳояш дар Тибет


Як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, мақомоти Чин бо истифодаи нерӯи “бетаносуб” барои фӯру нишондани ошӯбҳои Тибет дар ду соли гузашта қонунҳои байналмилалиро поймол кардаанд. Ҳюман Райтс Вотч, ки дар Ню Йорк қароргоҳ дорад, бо нашри гузорише, аз қавли шоҳидони айнӣ навиштааст, ки нерӯҳои Чин ҳангоми сар задани ошӯбҳо дар моҳи март, “яксара ба рӯи тазоҳургарон” тирандозӣ кардаанд. Ба гуфтаи Ҳюман Райтс Вотч, нерӯҳои Чин, зимни ошӯбҳои Тибет, меъёрҳои манъи истифодаи нерӯи номутаносиб, шиканҷа ва боздошти худсарона ва ҳамчунин ҳаққи гирдиҳамоии осоиштаро поймол кардаанд. Дар нооромиҳои Тибет, ки чанд моҳ пеш аз Бозиҳои Олимпии Тобистона дар Чин сурат гирифт, дасти кам 19 нафар кушта шуданд. Мақомоти Чин, пешвои мазҳабии тибетиён Далай Ламаро ба барангехтани нооромиҳо дар Тибет муттаҳам мекунанд, ки ӯ ин иддаъоро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG