Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷикайр” мегӯяд, Узбакистон убури ҳарими ҳавоияш барои ҳавопаймоҳои Тоҷикистонро пулакӣ кардааст.

Алимурод Маҳмадалиев, раиси ширкати “Тоҷикайр” зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз ин ба баъд ҳавопаймоҳои Тоҷикистон бо пардохти маблағи муайяне ҳарими ҳавоии Узбакистонро убур хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз лағви созишномаи ҳавопаймоӣ миёни Узбакистон ва Тоҷикистон, ахиран як созишномаи муваққатӣ қабул шудааст, ки тартиби ҳамкорӣ ва ситонидани боҷи ҳавонавардӣ дар фазои ду кишварро муайян мекунад. Тибқи ин созишнома, ҳавопаймоҳои Тоҷикистон барои убур аз фазои кишвари ҳамсоя сари ҳар як тонна вазн 7,5 долларӣ пардохт хоҳанд кард.



Созишнома ҳамчунин пардохти боҷ аз сӯи ҳавопаймоҳои Узбакистон барои убур аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро дар назар дорад.

Раиси ширкати "Тоҷикайр" гуфт, ин созишномаи муваққатӣ то замони омода шудани созишномаи нави дуҷониба дар бораи ҳавонавардӣ фаъол хоҳад буд.

Баҳси ҳавоии Узбакистон ва Тоҷикистон

Баҳси ҳарими ҳавоӣ миёни Тошканд ва Душанбе як моҳ боз матраҳ аст. Авохири моҳи июн ҷониби Узбакистон созишномаи идораи ҳаракати ҳавоӣ бо Тоҷикистонро бекор эълон кард ва хостори зери контрол даровардани ҳарими ҳавоии худ шуд.

Бар асоси қарордоди дуҷониба аз соли 1993, назорати ҳаракат ва таъмини амнияти парвозҳои ҳавопаймоҳо дар фазои вилоятии Сурхондарёи Узбакистон бар ӯҳдаи Душанбе ва ҳамин тавр ҳарими ҳавоӣ дар қаламрави вилояти Суғди Тоҷикистон ба дӯши Тошканд вогузор шуда буд.

Тошканд тақозо кардааст, ҳар кишвар ҳарими ҳавоии худро зери назорат дошта бошад ва аз сӯи дигар пешниҳод кардааст, ки ҳавопаймоҳои самти Тоҷикистон суръати ҳаракати худро на дар ҳарими ҳавоии Узбакистон, балки дар марзи Тоҷикистон коҳиш бидиҳанд.

Дар мавриди нархномаҳои Узбакистон барои ҳавопаймоҳои Тоҷикистон тафсилоте нашр нашудааст, вале бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки он қобили мулоҳиза хоҳад буд ва пулакӣ шудани ҳарими ҳавоии Узбакистон боиси боло рафтани қиммати чиптаҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG