Пайвандҳои дастрасӣ

Ғалабаи 11-уми «Истиқлол» ва нахустин бохти «Регар» ТадАЗ


Бегоҳи чоршанбеи 21-уми июл ду бозии мавқуфмондаи сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Бозии мавқуфмондаи даври 14-ум байни ду дастаи муддааии унвони қаҳрамонӣ - «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар» ТадАЗ»-и Турсунзода дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар сурат гирифт. Дастаи мизбон – Истиқлол бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Юсуф Рабиев, капитани «Истиқлол», дар дақиқаҳои охири нимаи аввали дидор тӯбро вориди дарвозаи меҳмонон карда, ҳисобро кушод.
Ҳамдастааш Дилшод Восиев дар дақиқаи 68-ум аз пенолти ё ҷаримаи 11-метра ҳисобро баробар кард. Ҳафт дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ ҳуҷуми меҳмонон бо гол анҷом ёфт. Тӯбро Фаррух Чориев ба ҳадаф расонд.

Баъди ин ғалаба «Истиқлол» бо 37 имтиёз аз 15 бозӣ дар ҷадвали мусобиқа ба ҷои аввал баромад. Воқеъан, «Истиқлол» ягона дастаест, ки бохт надорад.

Вале бохти нахустин дар мусобиқаи имсола «Регар» ТадАЗ-ро бо 35 имтиёз аз 14 бозӣ ба зинаи дуввум фуровард.

Дар бозии мавқуфмондаи даври 13-уми мусобиқа «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ бар дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 24-уми июл

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Истиқлол» (Душанбе)

15

11

4

0

33-9

37

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

14

11

2

1

45-8

35

3.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

15

7

4

4

17-13

25

4.

«Хайр» (Ваҳдат)

14

7

3

4

23-17

24

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

14

4

5

5

15-21

17

6.

«Энергетик» (Душанбе)

14

4

3

7

17-23

15

7.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

14

3

2

9

16-29

11

8.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

14

2

5

7

18-27

11

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

14

0

2

12

7-43

2


Голзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 15 гол, Давронҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ») – 12, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 8-голӣ.

Даври 17-ум
24-уми июл (шанбе)

«Хуҷанд» - «Равшан»
25-уми июл (якшанбе)
«Энергетик» - «Истиқлол»
«Хайр» - «Регар» ТадАЗ
«Парвоз» - ССКА "Помир"
XS
SM
MD
LG