Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оромии нисбии Ӯш ва нигаронии узбакҳо


Хабарнигори Радиои Озодӣ Брус Паннир дар шаҳри Ӯш
Хабарнигори Радиои Озодӣ Брус Паннир дар шаҳри Ӯш

Хабарнигори Радиои Озодӣ Брус Паннир дар шаҳри Ӯш қарор дорад, то аз наздик мушоҳидаҳои худро роҷеъ ба тағйироти ба амал омада пас аз ошубҳо, ки боиси қатли 300 нафар ва бехонумонии 400 ҳазор нафар шуд, бозгӯӣ кунад.

Брус Паннир нақл мекунад, ки «мо дар шаҳри Ӯш тақрибан соати 9.00 субҳ ба вақти маҳаллӣ ворид шудем. Дар тӯли роҳ аз фурӯдгоҳ то дохили шаҳр постгоҳҳоро аз ҷодаҳо барчидаанд. Инҷо аз фурӯдгоҳ фосилаи зиёд надорад ва аз ҳамаи шаҳр одаи яксамта мусофиронро ба шаҳр мерасонад. Биноҳо ҳама тахрибшуда ва сухта ба назар мерасанд, аммо онҳоро аз шишапораҳо пок намуда ва ресторанҳоро рубучин кардаанд. Возеҳ аст, ки ҳануз дар ҳолати бад қарор дошта ва бештари онҳо сақф надоранд ва аз як моҳ пеш ҳам дилкаштар ба чашм намехуранд».

Ин ҳама дар қалби шаҳр буд. Баъзе маҳаллаҳои узбакнишини шаҳр низ маҳаллаҳои худро поксозӣ намудаанд, вале вазъ онҷо хеле ғамангез ба назар мерасад. Онҳо имкони андаки расидагӣ ба маводи ғизоӣ доранд ва дар маҳалле, ки мо қарор доштем, танҳо як мошине ба чашм мехӯрд, ки соҳиб он барои мардум маводи хурока мекашонд.

Таҳдид алайҳи узбакҳо ҳануз побарҷост

Узбактаборони Уш ба хабарнигори Озодӣ нақл кардаанд, ки пайваста мавриди фишор ва латтукӯб қарор мегиранд
Бисёре аз мардум ба хонаҳояшон баргаштаанд ва ҳудуди нисф ва ё шояд ҳам бештар ҳануз бо хешутаборашон зиндагӣ мекунанд. Комиссиюни Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон ин беҷойшудагонро бо хаймаҳо таъмин намудааст ва ин хаймаҳо дар ҷои хонаҳои сӯхташуда қад барафрохтаанд.

Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, «чун як моҳи қабл таҳдид алайҳи узбакзабонон ҳануз побарҷост. Мо субҳгоҳон ба маҳаллае бо номи Кирпичний рафтем ва дар ҳузури мо худраве дар берун аз хона қарор гирифт ва афроди он дохили хона шуданд. Мо низ думболи онҳо дохили хона шудем ва шоҳид будем, ки он афрод касонеро, ки шаби гузашта ва ҳамин пагоҳӣ низ мавриди латтукӯби сарбозони қирғиз қарор гирифт буданд, таҳдид мекарданд. Шаби гузашта ҷанҷоли калоне ба по хеста буд, чун сарбозони кирғиз омада бидуни пардохт тарбузҳои савдогареро гирифтанд».

Ҳамин пагоҳи дар онҷо амалиёти амниятии дигар, шояд ҳам ба хотири ҳодисаи шаби гузашта аз сар гирифта шуд. Онҳо иддаеро дастгир, бархеро ҳам латтукӯб намуданд. Вақте ман аз мардуми маҳаллӣ роҷеъ ба ин пурсидам, иброз доштанд, ки ин ҳодисаҳо рӯзмарра буда, чизи маъмулӣ гаштааст.

Латтукӯби узбакҳо дар Ӯш

Бинои собиқ мактаби узбакӣ дар Ӯш
Ин ҳолатро дигар нозирони хориҷӣ низ мушоҳида намудаанд. Комиссиюни Ҳуқуқи башари СММ тайи баёнияе изҳор намуд, ки онҳо маълумоте роҷеъ ба азият ва латтукуби узбактаборон дар ҷануби Қирғизистон дар даст доранд.

Аксари мардуми маҳаллӣ, хусусан узбактаборон, масъулияти ин ҳамаро бар души мақомоти маҳаллӣ, хусусан раиси шаҳр ва атрофиёни ӯ, вогузор мекунанд.

Вале чизи нигаронкунанда ин аст, ки ҳоло узбакҳо ҳар чӣ бештар дар пайи паҳн кардани овозаҳо ва маломату сарзаниши тарафи дигаранд ва кор бадараҷае расидааст, ки ҳатто иддае президент Роза Отунбоеваро сабабгори бехонумони ва сухтани манзилҳои худ медонанд. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо эътимодро аз ҳама кас ва аз ҳама чи - ҳам аз кишвар, ҳам аз Бишкек, ҳам аз мақомоти Ӯш ва хусусан аз нерӯҳои артиш ва милитсия аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG