Пайвандҳои дастрасӣ

Назари Додгоҳи СММ ба истиқлолияти Косово эълон хоҳад шуд


Додгоҳи олии Созмони Милали Муттаҳид қарор аст, имрӯз назари худро ба қонунмандии эъломияи истиқлолияти Косово нашр кунад. Косово дар соли 2008 иститиқлолияти худро аз Сербия эълон карда буд. Сербия ба додгоҳи СМ муроҷиат ва раҳбарони албанитабори Ковосоро дар тахриби тамомияти арзии худ айбдор кард. Сербҳо, ки ин минтақаро маҳалли зуҳури миллати худ мешуморанд, дар соли 1999 баъд аз як кӯшиши ҳамла ба Косово ва бар асари бомбаборони НАТО назорати худро ба Косово аз даст доданд. Дар Додгоҳи олии Созмони Милал назари 30 кишвар шунида шуд. Чин, Русия ва Испания, ки дар қаламрави худ бо ҷудоихоҳон мубориза доранд, зидди истиқлолияти Косово раъй доданд ва Иёлоти Муттаҳида дар садри кишварҳоест, ки аз истиқлолияти Косово ҳимоят мекунанд. Ин истиқлолият аз тарафи 70 давлати ҷаҳон шинохта шудааст.
XS
SM
MD
LG