Пайвандҳои дастрасӣ

Ноиби пешини Жаниш Боқиев худро ба мақомот таслим кард


Як мақоми аршади амниятии Қирғизистон, ки ба нақши умда дар тирандозӣ ба тазоҳуркунандагони аввали моҳи апрел дар Бишкек айбдор мешавад, худро ба мақомоти давлати Роза Отунбоева таслим кард. Нурлан Темирбоев, собиқ ноиби раиси Хадамоти амниятии Қирғизистон ва бародари президенти барканоршудаи ин кишвар Жаниш Боқиев, ки низ мавриди пайгарди мақомоти Қирғизистон аст, ҳоло дар маҳбаси Бишкек ба мебарад. Дар талоши саркӯб кардани тазоҳуроти рӯзҳои 6-ум ва 7-уми апрел дар Қирғизистон 86 нафар кушта шудаанд. Дар ҳамин ҳол вазири корҳои дохилии Тоҷикистон хабарҳои дар Бадахшони Тоҷикистон пинҳон будани Жаниш Боқиевро рад намуд.
XS
SM
MD
LG