Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди телевизиони Узбакистон аз қаторҳои Тоҷикистон


Шабакаи аввали телевизиони давлатии Узбакистон ҳайатҳои роҳбаладии қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистонро айбдор кардааст, ки ҳангоми гузори тронзитӣ аз қаламрави Узбакистон меъёрҳои байнулмилалӣ ва қонунҳои Узбакистонро риоя намекунанд. Дар гузориши ин шабака гуфта мешавад, ҳамчун қаторҳои тронзитӣ қаторҳои Тоҷикистон ҳаққи фурӯши чипта ба мусофирон дар қаламрави Узбакистонро надоранд. Ва дафъатан, ҳайатҳои роҳбаладии қаторҳои Тоҷикистон ба он айбдор мешаванд, ки шаҳрвандони Узбакистонро бидуни чипта аз маҳал ба маҳале мерасонанд. Шабакаи аввали телевизиони давлатии Узбакистон аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, ба ин фактҳо вокуниши ҷиддӣ нишон диҳанд.
XS
SM
MD
LG