Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи фейсбукиҳо ба 500 миллион нафар расид


Сарварони шабакаи иҷтимоии Фейсбук мегӯянд, шумораи аъзои ин шабака ба 500 миллион нафар расидааст. Ин чунин маъно дорад, ки аз ҳар 14 сокини кураи замин 1 нафар дар Фейсбук сафҳаи худро дорад. Бо эълони ин дастовард, бунёдгузори Фейсбук, Марк Зукерберг гуфт, ҳадафи ширкати ӯ, яъне ба ҳам пайвастани инсонҳо дар саросари ҷаҳон, бетағйир боқӣ мемонад. Фаъолияти шабакаи иҷтимоии Фейсбук шаш сол пеш дар байни ҳамагӣ 20 нафар оғоз ёфта буд.
XS
SM
MD
LG