Пайвандҳои дастрасӣ

Обама қонуни ислоҳоти умдаи молиявиро имзо кард


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, имрӯз қонунеро имзо кард, ки ба умдатарин ислоҳоти низоми молиявии Амрико дар давраи аз соли 1930 ба ин сӯ роҳ мекушояд. Қонуни нав дорои пуштибониҳои нав аз муштариён, назорат бар нерӯи бонкҳо ва саркӯби амалияи фиребгаронаи ширкатҳои кортҳои кредитист. Обама гуфт, хилофкориҳоеро аз байн мебарад, ки сабабгори бӯҳрони шадиди молиявӣ шуданд. Вай афзуд, қонуни нав дигар ҳаргиз роҳ нахоҳад дод, ки амрикоиён нархи хатоҳои низоми молиявии Волл Стритро пардохт кунанд. Сарони ҷумҳурихоҳ имрӯз қонуни навро маҳкум карданд ва гуфтанд, он ба монеаи рушди иқтисодӣ табдил хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG