Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хидмати ҳатмии яксола дар Қирғизистон барқарор шуд


Ҳукумати Қирғизистон ба фармоне дубора эътибор бахшид, ки бар асоси он ҷавонони н кишвар як сол хидмати аскарӣ хоҳанд кард. Ин фармон 20-ӯми июл содир шуд ва фармони пешинро ба имзои Қурмонбек Боқиев аз соли 2008 беэътибор сохт. Тибқи фармони пешин ҷавонони аз 19 то 27-сола метавонистанд 12 000 сум баробар бо 255 доллар ба ҳукумат пардохт кунанд ва ба ҷои 12 моҳ як моҳ хидмати аскариро ба ҷо оранд.
XS
SM
MD
LG