Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Украина фишор ба матбуот афзоиш меёбад


Гурӯҳи Хабарнигорони Бидуни Марз имрӯз эълон кард, ки аз озодии баён дар Украина нигарон аст. Жан Франкос Ҷуллиард-Дабири Кулли Хабарнигорони Бидуни Марз ба рӯзноманигорон дар Киев изҳор дошт, ки аз "бархӯрд"-и мақомот бо баъзе воситаҳои матбуот нигарон аст. Ин созмон аз ҳамлаҳои равонӣ ба рӯзноманигорон, сонсури матбуот ва фишори сиёсӣ ба онҳо намунаҳо овардааст ва аз ҳукумат дархост кардааст, ки аз озодии матбуот дифоъ кунанд. Гуруҳҳои дифоъ аз озодии матбуоти Украина шикоят кардаанд, ки аз замони сари кор омадани Виктор Янукович дар моҳи феврал сонсур дар матбуот ташдид ёфтааст.
XS
SM
MD
LG