Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурӯҳҳои ҳифзи ҳуқуқ аз шиканҷаи узбакҳо сӯҳбат мекунанд


Созмонҳои беҳдошти байналмиллалӣ ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, дар ҷануби Қирғизистон ақалияти узбак аз кӯмакҳои беҳдошт ва имкони дарёфти паноҳандагӣ дар Узбакистони ҳамсоя маҳрум шудаанд. Созмони Пизишкони Бидуни Марз имрӯз гуфт, дар наздикии шифохонаҳо нируҳои амниятӣ мустақар шудаанд ва ниёзмандонро аз дарёфти кӯмаки тиббӣ маҳрум мекунанд. Ин созмон ҳамчунин мегӯяд, пулис дар маҳаллаҳои узбакнишини шаҳри Ӯш амлиёти созмонёфта анҷом медиҳад. Шумораи зиёди одамон аз мавориди шиканҷа шикоят мекунанд ва намунаҳои онро нишон медиҳанд.
XS
SM
MD
LG