Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино ба иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ноҳияи Истаравшан шахсе бо номи Ислом Ниёзматов боздошт шудааст, ки гуфта мешавад, узви Ал-Қоида ва шаҳрванди Узбакистон мебошад. Дар гузашта низ чанд тан дар Тоҷикистон ба гумони ҳамкорӣ бо Ал-Қоида боздошт шудаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев-сухангӯи вазорати дохилаи Тоҷикистон дар ин бора ба радиои Озодӣ гуфт: "Солҳои 2005-2006 дар Вазиристони Покистон таълимоти низомӣ-диверсионӣ гузаштааст. Баъд дар чанд амалиёти Ал-Қоида бо экстремистҳо иштирок кардааст".

Қаълан хабаргузориҳо аз номи вазорати дохилаи Тоҷикистон хабар дода баданд, ки дар авоили соли ҷорӣ ду нафар узви Ал-Қоида дар Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Қаҳҳоров: Ду боздоштшударо ба Қирғизистон таслим кардем

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки имрӯз дар як нишасти матбуотӣ сӯҳбат мекард, боздошти ду шаҳрванди хориҷӣ ва таслими онҳо ба мақомоти Қирғизистонро тасдиқ кард. Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ин ду нафар шаҳрвандони Ӯзбакистон ва Қирғизистон ҳастанд, ки моҳи гузашта дар ноҳияи Шаҳристон боздошт шуданд.

Абдураҳим Қаҳҳоров: «Чанд муддат онҳоро таҳти баррасии тафтишотии фаврӣ қарор додем. Маълум шуд, ки яке шаҳрванди Ӯзбакистон ва дигарӣ шаҳрванди Қирғизистон будаанд ва дар ҳудуди ин кишварҳо онҳо ҷиноят ҳам содир кардаанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон ширкати онҳо дар кадом як ҷиноят ё нақзи қонун тасдиқи худро наёфт. Аз ин хотир, онҳоро ба мақомоти Қирғизистон, дақиқан раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканд супоридем. Ин ду шаҳрвандро, ки яке умуман ҳуҷҷат надорад ва дигарӣ табааи Қирғизистон аст, ба онҳо таслим кардем, ба он хотир ки дар ҳудуди ин кишварҳо ҷиноят содир кардаанд».

Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилии Тоҷикистон
Оқои Қаҳҳоров гуфт, эҳтимол дорад онҳо ба гурӯҳи Абдураҳим Умаров марбутанд, зеро баъд аз нобудии ин гурӯҳ дастгир шудаанд.

Қаблан вазорати корҳои дохилӣ хабар дода буд, ки Абдураҳим Умаров ва Абдураҳмон Ваҳҳобов, ду сокини Исфараи Тоҷикистон, ки барои узвият дар Ҳаракати Исломии Узбакистон ҷустуҷӯ мешуданд, шаби 3 ба 4 июн дар ҷамоати Зидеҳи ноҳияи Варзоб дар пайи як амалиёт аз сӯи нерӯҳои ин ниҳод кушта шуданд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дақиқан узви кадом як созмони террористӣ будани боздошшудагонро зикр накард, Аммо қаблан мақомоти Қирғизистон изҳор дошта буданд, ки 5 июли соли равон мақомоти Тоҷикистон ду узви созмонҳои байнулмилалии террористӣ - «Ҷиҳоди исломӣ» ва «Ваҳҳобия»-ро таслим кардаанд.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, аъзои гурӯҳҳои террористӣ новобаста аз табааи кадом кишвар будан ба кишварҳои дигар таслим карда намешаванд.

Боздошти аъзои "Ал Қоида" дар Тоҷикистон далели чист?

Дар ҳамин ҳол, омори ним соли ахир дар мавриди боздошт ва маҳкумияти аъзои созмонҳои байнулмилалии террористӣ, ки аз сӯи мақомоти Тоҷикистон ироа мешавад, аз густариши фаъолияти ин созмонҳо дар ин кишвар гувоҳӣ медиҳад. Бахусус, фаъолшавии созмони «Ал-қоида».

Тибқи иттилоъи расмӣ, дар соли 2009 панҷ узви ин созмон боздошт ва 11 тани дигар зиндонӣ шудаанд. Оё ин далели густариши фаъолияти ин созмони байнулмилалӣ дар Тоҷикистон нест? Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар посух ба ин суол изҳори назар накард.

Аммо коршиносон мегӯянд, омори мақомот дар бораи густариши фаъолияти «Ал-қоида» дар Тоҷикистон шубҳаангез аст, зеро ин созмон Осиёи Марказиро дар ихтиёри коршарикаш Ҳаракати исломии Ӯзбакистон гузоштааст.

Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, «Ал-қойида» созмони чандмиллатаи террористӣ аст, ки дар ҳайаташ шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба назар намерасанд ва дар ҳадафҳои ин созмон ин минтақа нақши муҳим надорад:

Абдуғанӣ Муҳаммадазимов: «Ба ҳарфи мақомот дар бораи боздошти аъзои «Ал-қоида» намешавад эътимод кард, зеро дар соҳили рости Амударё ин созмон фаъолият намекард ва ҳамеша ҳадафаш Афғонистон буд. Гап дар бораи «Ҳизб-ут-таҳрир» ва Ҳаракати исломии Ӯзбакистон равад, дурусттар мебуд».

Ва ҳарфи густариши фаъолияти «Ал-қоида» дар ҳолест, ки дар ҳаводиси ахири ҷануби Қирғизистон аз ширкати созмонҳои террористӣ дар сатҳи расмиву доираҳои коршиносӣ зиёд сӯҳбат шуд. Ҳатто коршиноси рус Виктор Мухин ҲИӮ ва собиқ ИНОТ-ро «нерӯи сеюм» ном бурд.

"Қирғизҳо даъвои худро собит карда натвонистанд"

Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон аз Роза Отунбоева, раисҷумҳур ва он замон раиси ҳукумати муваққат иқтибос овард, ки гуфтааст, эҳтимол дорад, дар ҳайати созмонҳои террористӣ тоҷикҳо, ӯзбакҳову қирғизҳо ва доғистониҳо ҳам бошанд, ки аз Покистону Афғонистон ба кӯмаки ҷинояткорони қирғиз шитофтаанд. Оқои Қаҳҳоров эҳтимоли ширкати ягон тоҷик дар ин ноамниҳоро рад накард:

«Агар ин гуна афрод бошанд, шояд. Ман рад карда наметавонам. Аммо ягон шаҳрванди Тоҷикистон он ҷо расмӣ фиристода нашудааст. Ягон тоҷике, ки имрӯз дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, он ҷо дастгир нашудааст. Аммо набояд фаромӯш кунем, ки дар гурӯҳи ғайриқонунии Маҳмуд Худойбердиев ҳам тоҷикону тоҷикзабонон ҳастанд. Шояд онҳо бошанд, ки бо тоҷикӣ ҳарф задаанд. Забони мо ҳам ба забони афғонӣ монанд аст».

Тафтиши дубораи парвандаи Захарченко


Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи аз сар гирифтани парвандаи куштори Олег Захарченко, фармондеҳи нерӯҳои зудамал ё ОМОН-низ сӯҳбат кард.

Ӯ гуфт: «Парвандаи куштори Олег Захарченко дар ихтиёри Додситонии кулли Тоҷикистон аст. Як замон ин парванда қатъ шуда буд. Аммо ҳолатҳои наве ошкор шуданд, ки бар пояи онҳо парванда аз сар гирифта шуд. Дар ин бозрасӣ кормандони вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ҳам ширкат мекунанд. Парванда пӯшида ва қатъ нашудааст».

Олег Захарченко, фармондеҳи нерӯҳои зудамал ё ОМОН-и вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон моҳи феврали соли 2008 дар шаҳраки Ғарм дар пайи як даргирӣ бо кормандони шӯъбаи ҷиноятҳои муташаккили ин ноҳия иборат аз размандагони собиқи ИНОТ таҳти раҳбарии Мирзохӯҷа Аҳмадов кушта шуда буд.

Баъд аз сафари Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Рашт Маҳмадназар Солеҳов, вазири вақти корҳои дохилии Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов аз сӯи раисҷумҳур авф шудааст.

Мирзохуҷа Аҳмадов, ки ҳоло зиндагии мулкӣ ба сар мебарад, аз ин изҳороти мақомот изҳори ҳайрат кард ва гуфт, ки аз мақомот хоҳиш мекунад, ки ин парвандаи Захрачекоро аз сар нагирад. Зеро он метавонад боз нохушиҳои бисёре биорад.

Ҳамчунин Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулл ёълом дошта буд, ки парвандаи қатли Олег Захарченко тақрибан ошкор шудааст, вале идомаи таҳқиқи ин парванда ба таъхир гузошта шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG