Пайвандҳои дастрасӣ

Зилзила дар ҷануби Эрон як кушта бар ҷой гузошт


Бино ба гузориши хабаргузориҳои Эрон, дар зилзилаи ҷануби ин кишвар як нафар кушта, даҳҳо нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ин зилзила ба шиддати 5,8 дараҷаи ҷадвали Рихтер дар устонҳои Форсу Ҳурмузгон рух додааст. Як севвуми биноҳо дар чаҳор деҳи марзи миёни ин ду устон осеб дидаанд. Зилзила дар Эрон падидаи маъмулист. Дар яке аз зилзилаҳои шадиди ахир дар шаҳри Бам дар ҷануби Эрон 30 000 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG