Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Клинтон ва Гейтс ба Куриёи Ҷанубӣ


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷа ва Роберт Гейтс вазири дифоъи Амрико имрӯз аз минтақаи ғайринизомии сангарбандишудаи мустаҳкаме дидан карданд, ки Куриёи Ҷанубиро аз ҳамсояи коммунистияш, Куриёи Шимолӣ ҷудо мекунад.

Сафари ғайримунтазираи ин мақомоти муҳими ҳукумати Амрико ба минтақа намоиши ҳимояти Иёлоти Муттаҳида аз ҳампаймони наздикаш Куриёи Ҷанубист ва дар замоне, ки танишҳо дар нимҷазираи Куриё авҷ гирифтааст.

Сафари мазкур пур аз рамз буд. Раҳбари идораи равобити хориҷӣ ва раҳбари артиши Амрико дар маҳалли Панмунҷом минтақаи ғайринизомӣ миёни Куриёи Шимолӣ ва Куриёи Ҷанубӣ истода ва дар зери борон ба самти шимол чашм дӯхта буданд.

Ҳузури ин ду нафар дар ин ҷабҳаи сангарбандишудаи мустаҳкам, ёдрасе аз ҳимояти Амрико аз ҳампаймони демократиаш Куриёи Ҷанубӣ аст ва ним аср баъд аз он ки Ҷанги Куриё бо оташбас, вале бидуни ҳеҷ аҳдномаи сулҳ хотима ёфт.

Дар ҳарду тарафи минтақа то кунун 2 миллион нафар сарбоз ҷойгир шудаанд. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, кишвараш устуворона дар канори Куриёи Ҷанубӣ мемонад.

Паёме ба Шимол

Ӯ эълом кард, ки Иёлоти Муттаҳида ба хотири монеъ шудан ба фаъолиятҳои атомии Куриёи Шимолӣ ва шеваҳои ғайриқонунии дарёфти маблағ барои ин фаъолиятҳо алайҳи ин кишвар таҳримоти нав эъмол хоҳад кард.

Ӯ гуфт, мо ҳамчунон ба Шимол паём мефиристем, ки роҳи дигаре вуҷуд дорад. Роҳи дигаре, ки аз он мардуми шимол суд мебаранд. Вале то замоне, ки онҳо самтгириро дигар накунанд, Амрико устуворона дар канори мардуми мардум ва ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ меистад.

Ҳилларӣ Клинтон ба пешниҳоди Амрико ишора мекард, ки мегӯяд, дар сурати даст кашидани Куриёи Шимолӣ аз барномаҳои тавлиди бомбӣ атомӣ ба ин кишвар кӯмак хоҳад кард.

Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико гуфт, Куриёи Шимолӣ аз инзивои худ ранҷ мекашад.

Бисёр ҳайратовар аст, ки Куриёи Шимолӣ тағйироти андаке кардааст ва айни замон Куриёи Ҷанубӣ рушд мекунад ва мешукуфад. Баръакс Куриёи Шимолӣ дар инзиво дар рукуду маҳрумият мондааст.

Ёдоварӣ аз қурбониёни ҷанг ду Куриё

Сафари вазири умури хориҷа ва вазири дифоъи Амрико ба нимҷазираи Куриё дар ҳолест, ки танишҳо бар сари барномаҳои атомии Куриёи Шимолӣ ва ғарқ кардани як киштии ҷангии Куриёи Ҷанубӣ дар моҳи март дигарбора авҷ гирифтааст.

Ҳилларӣ Клинтон ва Роберт Гейтс дар пояи лавҳаи ёдбуди 46 сарбози куриёӣ, ки дар ҳамон киштӣ ҳалок шуданд, гулчанбар гузоштанд.

Як таҳқиқи байналмилалӣ собит кардааст, ки киштии Куриёи Ҷанубӣ бар асари партоби аждар ва ё мушаки зериобии Куриёи Шимолӣ ғарқ шудааст Дар вокуниш ба ин амалкард, Иёлоти Муттаҳида ва Куриёи Ҷанубӣ, як размоиши азими баҳрӣ анҷом медиҳанд, ки ҳадаф аз он маҳор кардани Куриёи Шимолӣ будааст.

Тамринҳои низомии мазкурро Куриёи Шимолӣ ва Чин ягона ҳампаймони бузурги он интиқод карданд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, дар ҷараёни размоише, ки рӯзҳои 25 то 28 июл дар Баҳри Ҷопон баргузор мешавад, 20 киштӣ, аз ҷумла киштии ҷангии ҳавопаймобари 97 ҳазор тоннагии Амрико ва 200 ҳавопаймои ҷангӣ истифода мешавад.
XS
SM
MD
LG