Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ахиран нигаронӣ кардааст, ки тобистони соли ҷорӣ ҳар рӯз дар кишвар тақрибан 2 нафар мавриди оббозӣ дар рӯдхонаву кӯлҳо ғарқ ва ҷони худро аз даст медодаанд. Ба гуфтаи ин кумита иллати аслии ғарқшавии сокинон оббозӣ дар ҳолати мастӣ ва минтақаҳои хавфнок будааст.

Аммо оё фароғатгоҳу минтақаҳои истироҳат ба пазируфтани мардум омода аст ва чи шароитеро пешниҳоди муштариён мекунанд.

Дар шаҳри Душанбе низ дар фасли тобистон соҳил ва дохили кули "Комсомол" тақрибан беодам нест.

Аксари истироҳаткунандагон кӯдаконанд, ки маҳз барои оббозӣ ба ин кул меоянд. Солҳои гузашта дар ин кул чандин нафар ғарқ ва бенишон шудааст.

Маъмурияти ин кул мегӯяд, соли ҷорӣ тадбирҳои амнияти истироҳати мардумро шадид ва назорати оббозонро бештар кардааст. Вале теъдоде аз кӯдакон дар ин кӯл ғарқ шуда ва бо кӯмаки наҷотдиҳандагон ҷон ба саломат бурдаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG