Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯришиён 6 корманди пулиси афғонро сар буридаанд


НАТО мегӯяд, шӯришиён дар шимоли Афғонистон 6 команди пулиси ин кишварро сар буридаанд. Паймони мазкур дар эъломияе гуфтааст, шӯришиён рӯзи сешанбе дар вилояти Бағлон ба биноҳои ҳукуматӣ ва ба посгоҳи пулис ҳамла бурдаанд. Шӯришиён аз посгоҳ гузаштаанд ва кормандони пулисро дар он ҷо сар буридаанд. Моҳи гузашта фоҷеабортарин моҳ барои нируҳои хориҷӣ дар Афғонистон будааст. 103 нафар кушта шудаанд, ки нисфи онҳо амрикоӣ будаанд.
XS
SM
MD
LG