Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон аз таҳримҳои нави зидди Кореяи Шимолӣ хабар дод


Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико эълон кард, ки Амрико бар зидди Кореяи Шимолӣ таҳримҳои нав ҷорӣ хоҳад кард. Хонум Клинтон дар ин бора дар Кореяи Ҷанубӣ баъд аз музокироти сатҳи олӣ изҳори ақида кард. Хонум Клинтон гуфт:

"Мо ҳамчунон ба Шимол паём мефиристем. Роҳи дигаре вуҷуд дорад. Роҳи дигаре, ки аз он мардуми шимол суд мебаранд. Вале то замоне, ки онҳо самтгириро дигар мекунанд, Амрико ба ҷои мардум ва ҳукумати Кореяи Ҷарубӣ мавқеи усулиро ишғол хоҳад кард".

Ҳоло Ҳилларӣ Клинтон ва Роберт Гейтс-вазири дифои Амрико аз Кореяи Ҷанубӣ боздид мекунанд. Ин боздид нишонаи ҳимояти Амрико аз Кореяи Ҷанубист ва он баъд аз ғарқ шудани киштии Кореяи Ҷанубӣ анҷом мегирад. Кореяи Шимолӣ дар ин кор муттаҳам дониста мешавад. Дар натиҷаи расидагиҳои байналмиллалӣ рӯшан шудааст, ки киштии Кореяи Ҷанубӣ бо оташи як торпедои Кореяи Шимолӣ ғарқ шудааст ва 46 маллоҳ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG