Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Обама ва Камерон аз Эрон


U.S. - epa02255075 United States President Barack Obama (R) holds a bilateral meeting with British Premier David Cameron (L) in the Oval Office of the White House in Washington, D.C., 20Jul2010
U.S. - epa02255075 United States President Barack Obama (R) holds a bilateral meeting with British Premier David Cameron (L) in the Oval Office of the White House in Washington, D.C., 20Jul2010

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ва Дейвид Камерон, сарвазири Британия аз Эрон даъват карданд, ки гуфтушунид дар марвиди барномаи ҳастаии худро бидуни таъхир оғоз кунад. Онҳо гуфтаанд, ки ҳанӯз ҳам имкони ҳалли сулҳомези баҳси барномаи ҳастаии Эрон вуҷуд дорад.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ва Дэвид Камерон, нахуствазири Британия бори дигар мушорикати кишварҳояшонро дар мавзуҳои Афғонистон, таҳримҳо алайҳи Эрон, раванди сулҳи Ховари Миёна ва посух ба бӯҳрони саросарии молӣ тасдиқ намуданд.

Дар нишасти матбуотии муштарак баъд аз анҷоми вохурӣ Обама гуфт, ҳамкории ӯ бо Камерон, ки танҳо моҳи май ба мақоми нахуствазири Британия таъйин шуд, бениҳоят хуб оғоз шуда, зеро бар пояи таърихи тӯлонии арзишҳои муштараки ду кишвар бунёд ёфтааст.

Ӯ гуфт: “Ҷаноби сарвазир мо ҳеҷ вақт наметавонем гуфт, ки ин басанда аст, Амрико ва Британия аз робитаҳои бисёр вижа баҳраваранд. Мо мерос ва арзишҳои муштарак дорем ва бо як забон ҳарф мезанем - дар аксари вақт».

"Мо Толибонро шикаст медиҳем"

Обама ва Камерон аз сарбозон ва афсарони амрикоӣ ва британягӣ, ки дар Афғонистон кушта шудаанд, бо эҳтиром ёдовар шуда, таъкид намуданд, тарҳи фарохонии нерӯҳои кишварҳои Ғарб аз Афғонистон воқеъӣ аст.

Обама афзуд: “Стратегияи мо дуруст аст ва мо Толибонро шикаст хоҳем дод».

Ӯ гуфт, онҳо қобилиятҳои ҳукумати Кобулро тавре таҳким хоҳанд дод, ки он тавонад дар оянда масъулияти таъмини амнияти кишварро бар дӯши худ бигирад.

Камерон эълом дошт, кӯшишҳои муштараки Амрико ва Британия дар Афғонистон беҳтарин намунаи ҳамкории ду кишвар мебошад:

Ӯ афзуд: “Афғонистон ин ошкортарин ва возеҳтарин намунаи дар паҳлӯи якдигар истодани Британия ва Амрико мебошад. Ин маъмуриятест, ки мо ҳамроҳ онро иҷро мекунем. Мо артиши Британияро таҳти фаромондеҳии амрикоӣ дар Ҳилманд ва баракс сарбозони амрикоӣ таҳти фармондеҳии Британияро дар Қандаҳор дорем”.

Даъват аз Эрон

Сарони ҳарду кишвар даъват аз Эронро ба қатъи барномаи баҳсбарангези ҳастаиаш такрор намуданд. Ғарб бовар дорад, ки Теҳрон таҳти пӯшиши барномаи осоишта кушиш дорад, то бомбаи атомӣ бисозад. Камерон ва Обама ҳимояташонро аз таҳримҳои иқтисоди нав алайҳи Эрон дубора тасдиқ карданд.

Ҳарду раҳбар бори дигар ба азсаргирии музокироти мустақими сулҳи Ховари Миёна миёни Исроил ва фаластиниҳо даъват намуданд. Онҳо инчунин алоқамандиашонро ба ислоҳоти молӣ таъкид карданд.
XS
SM
MD
LG