Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Кобул тарҳи Карзайро пазируфт


Ба қавли расонаҳо зимни нишасти байнулмилалӣ дар Кобул тарҳи Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон пуштибонӣ касб намудааст. Бар пояи он масъулияти амният дар соли 2014 ба нерӯҳои ин кишвар вогузор хоҳад шуд ва ҳукумати Кобул дар тавзеъи ёриҳои башарӣ нақши бештаре хоҳад дошт.

Бар изофаи ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз талошҳои Кобул ба мусолиҳа бо ошӯбгарон низ ҳимоят кард. Ин пуштибонӣ дар конфаронси Кобул бо ширкати Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон ва мақомоти аршади 70 созмон ва кишварҳои ҷаҳон ба даст омад.

Бан Кӣ Мун натиҷаҳои ҳамоишро як таҳаввули марҳилаӣ барои ҳукумати Афғонистон номид:

“Ончӣ мо ба даст овардем, аҳамияти азиме дорад. То ҳол ҳеҷ гоҳе мо чунин тасвири мушаххасе аз ояндаи Афғонистон надоштем. Гузашта аз ин, ин тасвирест, ки худи мардум ва давлати Афғонистон кашидаанд.”

Аммо ҳамзамон бо пуштибонии байнулмилалӣ фишори бесобиқаи байнулмилалӣ низ бар дӯши раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай фуруд омад. Аз ӯ тақозо шуд, фасодро шикаст диҳад, истифодаи беҳтари миллиардҳо долларро ба роҳ монад ва ошӯби толибҳоро, ки акнун ба қатли шумораи бештарини сарбозони хориҷӣ ноил гаштаанд, саркӯб кунад.

Таъмини амният то соли 2014

Карзай дар нишасти хабарии муштарак бо Бан Ки-мун дар поёни конфаронси байнулмилалии Кобул гуфт:

"Ман бисёр шодам, ки мо дар ӯҳдадориҳои стратегии ҷомеаи байнулмилалӣ дар Афғонистон ва фаҳмиши вазъи Афғонистон аз лиҳози мудирияти хуб, пешрафт ва махсусан чаҳорчӯби сулҳу оштӣ паём ва фаҳмиши муштарак дорем."

Карзай дар ин нишасти хабарӣ ҳамчунин гуфт, нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш дар ҳоли рушданд ва то соли 2014 масъулияти амнияти Афғонистонро бар дӯши худ хоҳанд гирифт.

Яке аз мавзӯъҳои ҳассос барои ҳарду ҷониб, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳукумати Кобул, фасоди молӣ ва камсамарии кӯмакҳои азими молиявӣ ба Афғонистон буд.

Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон гуфт, интиқоли масъулият бар дӯши ҳукумати Афғонистон масъалаи муҳимест. Ӯ таъкид кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқобили кӯмакҳояш хостори натиҷа дар талошҳои зидди фасод дар Афғонистон аст.

50 дарсади кӯмакҳо тавассути буҷаи Афғонистон

Дар бораи натиҷаи конфаронс дар робита ба истифодаи маблағҳои имдодӣ ба Афғонистон, вазири пешини молияи ин кишвар, Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба РО чунин гуфт:

"Тааҳуде, ки тақозо карда будем, ин буд, ки бояд дар ду соли оянда 50 фисади кӯмакҳои байнулмилалӣ аз роҳи буҷаи Афғонистон масраф шавад, то ҳам маркази тасмимгирию маркази масъулият барои мардуми Афғонистон возеҳ бошад. Ин қабулонда шуд ва акнун давлати Афғонистон аст, ки битавонад, ислоҳоти бунёдиро, ки раисиҷумҳур Карзай ваъда дод, он амалӣ шавад"

Ба сурати куллӣ, Ашрафғанӣ Аҳмадзай аз натиҷаҳои ҳамоиши байнулмилалӣ дар Кобул хушбин аст ва мегӯяд, дастикам ин ҳамоиш умедро ба ояндаи беҳтари Афғонистон дубора зинда кард.

Аммо коршиноси мустақил Насруллоҳ Станакзай мегӯяд, бо вуҷуди, ба истилоҳ "афғонӣ" шудани тарҳи ояндаи Афғонистон ва бо вуҷуди дастовардҳои конфаронси бонуфузи байнулмилалӣ дар Кобул татбиқи тарҳҳои марбут ба мубориза бо фасод, тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон ва истифодаи босамари кӯмакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳамоҳангии комил миёни Кобул ва ин ҷомеа бастагӣ хоҳад дошт:

"Таъкиди ман бар ин аст, ки то замоне ки як ҳамоҳангӣ байнми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлати Афғонистон ба миён наояд, давлати Афғонистон ба танҳоӣ нахоҳад тавонист, тамоми тарҳҳое, ки ироа кардааст, ба истилоҳ пиёда бикунад. Ин дар ҳолест, ки мутаассифона, дар 9 соли гузашта байни худи ҷомеаи байнулмилалӣ як ҳамоҳангӣ вуҷуд надошт ва барои ҳамин ҳамоҳангӣ бо давлати Афғонистон низ ба вуҷуд наомада буд."

Толибон: Ба мушкаборон муваффақ шудем

Пас аз поёни конфаронси Кобул, сухангӯи ҷунбиши Толибон, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид аз маҳалли номаълум телефонӣ ба хабаргузориҳо гуфт, ки Толибон тавонистаанд, ҳангоми фурудоии ҳавопаймоҳо фурудгоҳи Кобулро мушакборон кунанд.

Ва вазири умури хориҷии Шведсия, Карл Билдт тасдиқ кардааст, ки ҳамлаи мушакӣ ӯ ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мунро маҷбур кард, на дар Кобул, балки пойгоҳи ҳарбии Баграм фуруд омада, аз он ҷо бо чархбол ба Кобул парвоз кунанд.

Пешниҳоди Зарифӣ ба ҳамоиши байнулмилалии Кобул

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, ки дар ҳамоиши байнулмилалӣ дар Кобул аз Тоҷикистон намояндагӣ мекард, гуфтааст, кишвараш омодааст, дар таълим ва бозомӯзии кормандони ниҳодҳои ҳифзи қонуну тартибот ва ҳарбиёни Афғонистон кӯмак расонад. Зарифӣ гуфтааст, дар чанд соли охир чунин таҷриба натиҷаҳои мусбат додааст.

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон дар парвариши мутахассисони кишоварзӣ, сохтмон, маориф ва беҳдошти Афғонистон саҳм мегирад. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон инчунин гуфтааст, ифтитоҳи роҳ ва масирҳои нави коммуникатсионӣ, густариши имкониятҳои долонҳои мавҷуда ба аҳдофи ҳамгироӣ, бозсозии Афғонистон ва рушди иқтисодии тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG