Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳоди Зарифӣ ба ҳамоиши байнулмилалии Кобул


Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, ки дар ҳамоиши байнулмилалӣ дар Кобул аз Тоҷикистон намояндагӣ мекард, гуфтааст, кишвараш омодааст, дар таълим ва бозомӯзии кормандони ниҳодҳои ҳифзи қонуну тартибот ва ҳарбиёни Афғонистон кӯмак расонад. Зарифӣ гуфтааст, дар чанд соли охир чунин таҷриба натиҷаҳои мусбат додааст. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон дар парвариши мутахассисони кишоварзӣ, сохтмон, маориф ва беҳдошти Афғонистон саҳм мегирад. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон инчунин гуфтааст, ифтитоҳи роҳ ва масирҳои нави коммуникатсионӣ, густариши имкониятҳои долонҳои мавҷуда ба аҳдофи ҳамгироӣ, бозсозии Афғонистон ва рушди иқтисодии тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG