Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Обама ва Камерон аз натиҷаҳои ҳамоиши Кобул


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама ва сарвазири Бритониё, Дейвид Камерон аз натиҷаҳои ҳамоиши байнулмилалӣ дар Кобул истиқбол карданд. Ин ҳам дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳида қаблан июли соли 2011-ро оғози хуруҷи бархе аз нерӯҳои худ аз Афғонистон номидааст. Сарони Амрико ва Бритониё гуфтанд, ҳамоиши Кобул ба дастовардҳои муҳиме ноил гардид. Дар дидоре дар Кохи Сафед Барак Обама ва Дейвид Камерон коршарикии кишварҳои худро дар масъалаҳои Афғонистон, таҳримҳои зидди Эрон, сулҳи Ховари Миёна ва раҳоӣ аз бӯҳрони иқтисодӣ тасдиқ карданд.
XS
SM
MD
LG