Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи кӯчондани аҳолӣ аз маҳалли обанбори Роғун


Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки дар нимсолаи аввал 453 хонавода аз минтақаи обанбори ояндаи Роғун кӯчонда шудаанд. Маҳмадамин Маҳмадаминов дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, то поёни сол боз 1509 оилаи дигар аз ин минтақа кӯчонда хоҳанд шуд, ки ҷамъан аз 6538 нафар иборат мебошанд. Дар гузашта мухолифати ин хонаводаҳо ба кӯчидан аз маҳалҳои зисти доимияшон сабаби эътироз ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва талабҳои коҳиши баландии сарбанди он шудааст.
XS
SM
MD
LG