Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мошини "Запорожетс", ки кайҳо боз истеҳсол намешавад ва моли таърихи 30-40 соли пеш аст, акнун миёни ҷавонони тоҷик муд шудааст. Онҳо мошинҳои фарсудаву кайҳо аз истифода баромадаро бо нархи арзон харидори карда, бо хости худ рангубор медиҳанд.

Фаррух Рустамзод 19 сол дорад, аммо миёни ҳамсолонаш дар як маҳаллаи шаҳр чеҳраи шинохта аст.Ӯягон овозхони тозапайдо ё қаҳрамони филми маъруфе нест ва ягон корнамоӣ ҳам накардааст, вале танҳо бо доштани як мошини ҷолибу камёфт, яъне Запорожетс чун Фаррухи Запарождор маъруф шудааст.

Дар ҳоле, ки гурӯҳе аз ҳамсолони мошиндӯсти Фаррух дар шаҳр, бо мошинҳои замонавии хориҷӣ мисли Опелу Нексӣ ва Ҷип ҳаракат мекунанд, ин ҷавон мошине меронад, ки моли замони шӯравӣ ва қаҳрамони ҳаҷвияву латифаҳои зиёде аст. Аммо Фаррух мегӯяд, аз нишастан паси чанбари мошини Запарож аслан шарм намедорад ва баръакс мефахрад, ки ба фарқ аз мошинҳои якранги хориҷӣ дар кӯчаҳои шаҳр бештар диққати мардум ба мошини хурду рангу бор шудаву нақшдори ӯ ҷалб мешаванд. Воқеъан, ана ба ҳамин хотир, яъне ҷалби таваҷҷуҳи мардум, Фаррӯх бо дӯстонаш соле пеш ба ҷустуҷӯи яке аз куҳантарин худравҳо, яъне Запорожетс баромадааст:

“ Як моҳ мо ин тамғаи мошинро кофтем ва аз як нафар фаҳмидем, ки дар Файзобод чунин мошин дар дасти як пиронсоле будаст, рафта ба маблағи 1500 сомонӣ харидорӣ кардем. Ва дар 500 доллар ӯро таъмир ва даруну берунашро қариб, ки нав кардем.”

Муд ва ё камбизоатӣ?

Зимнан мавриди диққати одамон қарор доштан ва фарқкунанда будан шояд хоҳиши бархи дигари ҳамсолони Фаррух ҳам ҳаст, ки имрӯз тавре ба назар мерасад, бо вуҷуди дастрасу васеъ шудани бозори мошинҳои хориҷӣ, онҳо ҳаваси доштани ин навъи мошини куҳнаро мекунанд. Вақте аз сӯҳбати Фаррух бармегаштам, дар роҳ шоҳиди гуфтугӯи ду ҷавони тақрибан ҳамсоли ӯ шудам, ки яке ба дигари мегуфт хеле мехоҳад як мошини Запарож ё Москвич бихарад ва онро ба таври замонавӣ таъмир карда мавриди истифода қарор диҳад.

Падидаи таваҷҷуҳ ба мошинҳои куҳнатарин миёни ҷавонони кишвар тақрибан аз 3 соли қабл шурӯъ шудааст ва агар баъд аз солҳои 80-ум мошини Запарож қариб аз истифода баромада бошаду аксарият ҳатто нишастан дар сари чамбари запарожро ба худ ор медонистанд, акнун бархе аз ҷавонон бо нархи арзон, вобаста ба ҳолаташ онро аз 200 сомон то 200 доллар мехаранду бо хости худ азнавсозӣ мекунанд. Меҳрзод, ҷавони дигар мегӯяд, истифодаи ин навъи мошин барои ҳамсолони ӯ, ки ҳоло хонандаи мактаб ё донишгоҳанду ҷое кор намекунанд аз он ҷиҳат хубу мусоид аст, ки арзон аст ва масрафи зиёдро намехоҳад.

Аммо ба ақидаи Иқбол мусоҳиби дигарам, то як андоза муд шудану таваҷҷуҳ кардани ҷавонону наврасон ба мошинҳои замони шӯравӣ,ин таъсири барномаҳои махсуси телевизионии шабакаҳои хориҷӣ аст, ки дар пеши чашми тамошобин як мошини қадимаву фарсударо ба мошини ҷолибу наве табдил медиҳанд:

«Масалан шабакаи МТВ як чунин барномае дорад бо номи «Тачку на прокачку»-ва ҷавонон онро дида, худ низ мехоҳанд инро таҷриба кунанд. Масалан чанд ҳамсинфи ман ҳам ҳамин хел якҷо дар сад доллар як Запарожи куҳнаро харида, онро куллан таъмир намуда, қисмҳои замонавӣ насб карда истифода мекунанд.»


Табъи болида бо «Запорожетс»

Воқеан мусоҳиби мо Фаррух ҳам, ки таи бештар аз як сол аст мошини Запорож меронад мегӯяд, ҳоло худ метавонад бидуни ягон мушкил аз ӯҳдаи таъмири мошин барояд. Фаррух иқрор мешавад, ки бо мошини запарожаш зуд-зуд ба мушкилоти техникӣ дучор мешавад, вале ин ҳама ба табъи ӯ аслан таъсир намекардааст ва мегӯяд, бо ин мошини хурду камёфти худ қариб ҳар рӯз бо ягон ҳодисаи ҷолиб рӯ ба рӯ мешавад.

«Вақте нахустин бор барои овардани запарож аз Файзобод мерафтем, дар роҳ як тамғаи нави Мерседесро дидем, ки диққати ҳама роҳгузарону ронандаҳоро ба худ ҷалб мекард ва дӯстонам ба ман гуфтанд, ки ана мошин, ана ин мошин метавонад таваҷҷуҳи ҳамаро ҷалб кунад, вале вақте мо Запарожро таъмиру тағӣир дода ба истифода баровардем,ҳама, ҳатто буд ҳолате, ки ронандаи ҳамон Мерседеси зебо ҳам бодиққат ба мо нигоҳ мекард. Дар роҳҳо вақте ин мошинро меронам, ронандаҳои мошинҳои гаронарзишу ҳаҷман аз мошини ман бузурги хориҷӣ мегӯянд, мошинатро бо мошини мо иваз намекунӣ, ман ҳам бо шухӣ посух медиҳам, ки не, арзиши Запарож баландтар аст. »

Зимнан, барои онҳое, ки бо дидани ин навъи куҳнатарин мошин писханд мезанаду ронандаи ӯро масхара мекунад, посух омода аст:дар бархе аз ин мошинҳои мероси замони шӯравӣ, ронандаҳои ҷавон навиштаҷоти мухталифи шӯхиомез мисли «Муҳим пиёда нестам»-ро дидан мумкин аст.

«Запорожетс» - мероси замони шӯравӣ

Запарож яке аз мошинҳои оддӣ ва аз ҷиҳати истифодабарӣ ҳам бисёр соддаи замони шӯравӣ аст, ки гуфта мешавад солҳои 60-ум вориди бозор шуда, он замон бештар ба маҷрӯҳони ҷанги бузурги ватанӣ тақдим мешуд. Маҳз бо сабаби арзону каммасраф будан, Запарож он солҳо, ки нархи мошин бисёр гарон буд, яке аз серистифодатарин сабукравҳо маҳсуб меёфт. Азизмурод Аслонов,сардори маркази матбуоти раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ мегӯяд, имрӯз дар кишвар ҳудуди 2000 чунин навъи мошини истеҳсоли замони шӯравӣ сабт шудаст, вале шумори хеле ками онҳо дар истифода қарор дорад. Ба қавли ӯ феълан бо дастрасу фаровон шудани интихоби мошин дар кишвар таваҷҷуҳи ҷавонон ба мошин хеле зиёд шудааст. Имрӯз бештар ҷавонони тоҷик ба худравҳои хориҷии тамғаи Опел, Мерседес, Тайёта бартарӣ медиҳанд.

«То охири солҳои 90-ум мардум аҳён-аҳён мошин доштанд, ҳозир ҳар як ҷавон пеш аз ҳама мехоҳад мошин дошта бошад, агар дар ҷое ҳам кор накунад. Ҳозир арзонтарин навъи мошин Опел аст, ки 2 -3 ҳазор доллар арзиш дорад».

Аммо мусоҳиби мо Фаррух ,яке аз ҷавононе, ки бо доштани мошини истеҳсоли замони шӯравӣ Запарож миёни як гурӯҳи ҳамсолони худ маъруф аст, мегӯяд, ҳоло дар пайи хариди як навъи боз ҳам қадимитари Запарожетс аст:

«Запарожи якум моделашро мехоҳам харам. Кофтем, ёфтем, дар Қумсангир якто будаст, албатта дар ҳолати бад, вайрон, вале таъмир мекунем, боз ороишаш медиҳем ва истифода мекунем.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG