Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти Обама ва Камерон оғоз ёфт


Музокироти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама бо сарвазири Бритониё Девид Камерон дар Кохи Сафед оғоз ёфт. Ин нахустин сафари Камерон ба Амрико ба ҳайси раҳбари кобинаи вазирони Бритониёст. Кохи Сафед мегӯяд, як мавзӯъи аслии музокироти Камерон ва Обама Афғонистон хоҳад шуд.
Аммо ба гуфтаи таҳлилгарон, нигаронии Амрико дар мавриди нақши ширкати бритониёии BP дар қазияи хуруҷи нафт ба обҳои халиҷи Мексика ва шоеъот дар бораи ба хотири даст ёфтан ба қарордодҳои нафт бо Либия давлати Бритониёро ба раҳоии бомбгузори Локкербӣ ташвиқ кардани ҳамин ширкат низ метавонад аз масоили матраҳ дар ин гуфтугӯ шавад.
XS
SM
MD
LG