Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Тер-Петросиён ба ҳалли низоъи Қаробоғ


Раисиҷумҳури собиқи Арманистон Левон Тер-Петросиён ҳалли низоъи Қаробоғи кӯҳӣ ва оддӣ сохтани равобити Арманистону Туркияро барои таъмини амният ва рушди собити кишвар лозим хонд. Раҳбари мухолифин ҳамчунин ҳушдор дод, ки бидуни ҳалл боқӣ мондани низоъи Қаробоғ метавонад барои Арманистон пайомадҳои ҳангуфт, аз ҷумла ҷанги нав бо Озарбойҷонро ба дунбол биорад. Тер-Петросиён аммо гуфт, танҳо дар сурати ҳалли низоъи Қаробоғ метавон ба оддӣ шудани равобит бо Туркия умед баст. Вилояти умдатан арманинишини Қаробоғ дар авоили солҳои 90 худро аз Озарбойҷон мустақил эълон кард, ки ҷанги хунинеро дар ин минтақа оғоз гузошт. Аз соли 1994 дар Қаробоғ оташбас эълон шудааст, вале Арманистону Озарбойҷон то кунун дар амри пайдо кардани роҳи ҳалли ин низоъ пешрафт накардаанд.
XS
SM
MD
LG