Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати «ТоҷикАзот» муфлис эълон мешавад?


Идораи молиёти вилояти Хатлон аз додгоҳи иқтисодии минтақа хостааст, ширкати азими саноатии «ТоҷикАзот»-ро ба сабаби афзоиши қарзи андоз ва аз фаъолият бозмонданаш расман муфлис эълон кунад.

Ширкати муштараки Тоҷикистону Кипр - «ТоҷикАзот» аз корхонаҳои азимтарин ва ягонаи саноатӣ дар кишвар аст, ки ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва дигар маводи муҳим барои анҷоми умури кишоварзӣ машғул мебошад.

Аммо корхонаи мазкур сар аз моҳи декабри соли 2008-ум ба сабаби қатъ шудани интиқоли гази воридаи Узбакистон, аз фаъолият бозмондааст. Абдуҳанон Назаров, раиси додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон, мегӯяд, идораи молиёти минтақа хостааст, ки корхонаи мазкур расман муфлис эълон шуда, қарзҳои афзуда ба воситаи ҳабси амвол рӯёнида шавад:

«Ман дар бораи ҳаҷми қарз ва тафсилоти дигари даъвои идораи андоз чизе афзуда наметавонам, зеро ин даъво айни ҳол дар додгоҳи иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Танҳо ҳамин қадар метавонам бигӯям, ки қарзи ин корхона бисёр зиёд аст…»

40 миллион зарари тавқифи кори «ТоҷикАзот»

Абдуҳанон Назаров, раиси додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон
Дар ҳамин ҳол, шаҳрдории Сарбанд, ки корхонаи «ТоҷикАзот» дар қаламрави ин шаҳр воқеъ аст, тасдиқ мекунад, ки ин ширкати азими истеҳсоли нуриҳои минералӣ бо эҳтимоли муфлисшавӣ мувоҷеҳ аст. Ба гуфтаи Ҳикматулло Раҷабов, раиси шаҳри Сарбанд, «ТоҷикАзот» дар 17 моҳи ахир умуман аз фаъолият бозмонда, хисороти расида аз тавқифи кори ин ширкат дар нимаи аввали соли равон аз марзи 40 миллион сомонӣ гузаштааст:

«Қарзи ғуншудаи корхона аз об, газ ва барқ то имрӯз аз 14 миллион сомонӣ гузаштааст. Мо чанд дафъа бо раҳбарияти ин корхона мулоқот анҷом додем, фақат ваъдаи холӣ мекунанд, ки имрӯз ё пагоҳ корхона фаъолияташро аз сар мегирад. Аммо чунин ба назар мерасад, ки онҳо ҳатто дар ин солҳои наздик нияти кор кардан надоранд. Аз ҳамин ҳисоб соҳаи саноати шаҳри Сарбанд бо мушкил рӯ ба рӯст…»

Ба гуфтаи ҷаноби Раҷабов, мақомоти ҳукумати маҳаллӣ ва ҷумҳурӣ ҳам дар амри кӯмак ба корандозии ТоҷикАзот ночор аст, чун бидуни гази воридаи Узбакистон, фаъолияти ТоҷикАзот ғайримумкин ба назар мерасад.

Корхонаҳои қарздор ва муфлис

Ин ҳама дар ҳолест, ки наздик ба 1000 корхонаи саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзии влояти Хатлон дар ҳоли ҳозир бо хатари муфлисшавӣ рӯ ба рӯ будаанд.

Азамат Нуралиев, масъули умури ҳуқуқии идораи андози вилояти Хатлон, мегӯяд, ниҳоди мазкур феҳрасти иборат аз садҳо корхонаву муассисотеро таҳия кардааст, ки қарзҳои ҳангуфте аз пардохти молиёт доштаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Нуралиев, аз ҷамъи қариб 150 миллион сомонӣ қарзи ғуншудаи молиёт, наздики 50 миллионаш ба корхонаҳое мансуб аст, ки агар ҳам расман фаъолият доранд, амалан муфлис шудаанд.

Идораи молиёти вилояти Хатлон барои расман муфлис эълон шудани даҳҳо корхонаву хоҷагиҳои деҳқонии минтақа ба додгоҳи иқтисодии вилоят муроҷеъ шуда, дороиҳои баъзе аз корхонаҳоро аллакай ба ҳабс гирифтааст.

Ва аммо бо «ТоҷикАзот» мушкили корхонаҳои саноатии рӯ ба муфлисшавӣ анҷом намеёбад. Дар Қӯрғонтеппа ҳам, ки шаҳри азими саноатӣ шинохта мешавад, корхонаҳои истеҳсоли равған ва коркарди пахта тақрибан аз фаъолият бозмонда, ҳаҷми зиёни расида аз камфаъолиятии ин ширкатҳо ба милионҳо сомонӣ баробар шудааст.

Корхонаҳоро барҳам медиҳанд

Шарифхон Самиев, мири шаҳри Қӯрғонтеппа, зимни як нишасти матбуотӣ аз кори соҳибкорони маҳаллӣ интиқод карда гуфт, ба сабаби камсудии ин корхонаҳои саноатӣ, қарор аст дар чаҳорчӯби тарҳи бозсозии шаҳр, ин корхонаҳо барҳам дода шаванд:

«Дар тамоми сафарҳои Президент дар ҳавопаймо бо вай саворанд, дар ҳама бизнес-форумҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд. Аммо барои пешбурди иқтисоду саноат ва иҷтимоиёти шаҳр аз куҷо онҳо саҳм мегузоранд? Оё мактабе сохтанд, дасти ниёзмандеро гирифтанд? Корхонаҳои саноатии худро ақаллан ба кор андохтанд? Мо ният дорем, ки дар заминҳои заводи пахтаву равған, хонаҳои истиқоматӣ созем. Бинобар кор накардананашон…»


Ин ҳам дар ҳолест, ки эҳтимоли муфлисшавӣ натанҳо корхонаҳои саноатиро таҳдид мекунад, балки садҳо хоҷагии кишоварзӣ низ ба сабаби афзоиши қарзҳояшон тақрибан аз кор бозмонда, молу мулкашон низ ба ҳабс гирифта шудааст. Ба иддаои соҳибмулкон, мақомоти ҳукумат дар амри ҷилавгирӣ аз барҳамхӯрӣ ё муфлисшавии корхонаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳеҷ тадбири муассире намеандешад ва кӯмак намекунад.

Мушкилоти хоҷагиҳои деҳқонӣ

Мавзуна Ҳалимова, сарвари яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон, мегӯяд, хоҷагии вай ба умеди кӯмаки ҳукумат дар пешбурди кори худ, феълан бо хатари муфлисшавӣ рӯ ба рӯ шудааст:

«Ҳукумат моро ваъда дод, ки дар фурӯши пахта ёрдам медиҳем. Лекин вақте мо пахтаро супурдем, дар иваз ягон дирам гирифта натавонистем. Мо ба умеди кафолати ҳукумат, хонаву дарамонро дар бонкҳо гарав монда, қарз гирифтем бо фоизи калон, акнун, ки дастгириамон накарданд, дар чорроҳа мондем…»


Ба гуфтаи хонум Ҳалимова, дар баробари афзоиши қарзи молиёт ва истифода аз обу барқ, ҳамчунин бисёре аз хоҷагиҳои деҳқонӣ аз бонкҳо ҳам қарздор боқӣ мемонанд ва имсол ба сабаби қарздорӣ дигар аз бонкҳо қарз дарёфт карда наметавонанд.

Чунин ба назар мерасад, ки бештар аз ҳама хоҷагиҳи кишоварзии ноҳияи Вахш ба ҳамин мушкил гирифтор ҳастанд. Шодӣ Мусоев, раиси ноҳияи Вахш, мегӯяд, хоҷагиҳои ноҳия то имрӯз беш аз 10 миллион сомонӣ фақат аз молиёт қарздор шудаанд:

«Қисми зиёди ин хоҷагиҳо ин қарзро баргардонида наметавонанд, зеро кор намекунанд. Аз ин рӯ, ман дастур додам, ки моликияти ҳамин гуна хоҷагиҳоро анҷом диҳанд. Ҳоло кумитаи андоз бо ҳамин масъала машғул аст…»

Сарнавишти норавшани хоҷагиҳои муфлисшуда

Ба гуфтаи ҷаноби Мусоев, ҳукумати ноҳия танҳо аз роҳи мусодираи молу мулки хоҷагиҳо ва муфлис эълон шудани онҳо, маблағи қарзи онҳоро ситонад.

Ва аммо расман муфлис эълон шудани ширкату корхонаҳо ва хоҷагиҳо аз ҷониби додгоҳҳои иқтисодӣ осон нест. Бар асоси қонун, додгоҳ қабл аз тасмимгирӣ дар бораи эълони муфлисшавии коргоҳҳо, бояд нахуст мудири муваққатии ин муассисаҳоро таъин кунад. Мудири нав мунсифона бояд арзёбӣ кунад, ки оё бок адом роҳ коргоҳро мешавад аз вартаи муфлисшавӣ раҳо дод ва пасон, ба додгоҳ хулосаҳои коршиносонаашро пешниҳод мекунад.

Ва аммо мушкили аслӣ ин аст, ки ҳамин гуна мутахассисон дар вилояти Хатлон нестанд ва додгоҳҳо водор ҳастанд, танҳо бо даъвои пешовардаи мақомоти андоз дар бораи муфлис эътироф кардани корхонаву хоҷагиҳои деҳқонӣ иктифо кунанд.
XS
SM
MD
LG