Пайвандҳои дастрасӣ

Дар айни гармои тобистон ширкати «Барқи Тоҷик» интиқоли нерӯи барқ ба манотиқи Суғдро коҳиш додааст. Сокинони маҳалҳои мухталифи вилоят вақти номуайяни рӯз 2–3 соат дар манзилҳои худ барқ надоранд.

Муъмин Тошматов, муовини раиси ширкати мазкур дар Хуҷанд, рӯзи 20–уми июл дар тавзеҳи ин хабар гуфт: «Дар шабонарӯзҳои ахир ба сабаби он ки ҳарорати ҳаво то зери 50 дараҷа дар ҷойҳои офтобӣ боло рафт, ба хотири ҳифзи ягона трансформатори 500 мегаволт/ампер дар хатти барқи Ҷануб-Шимол, бо талаби мутахассисини чинӣ ва супориши раҳбарият интиқоли нерӯи барқ тавассути ин хат то зери 400 мегаволт поин бурда шуд ва мо ин маҳдудиятро ҷорӣ кардем».

Ба ҳамин тариқ, тоб наовардани ягона трансформатори бузурги хатти барқи Ҷануб–Шимол ба гармо сабаби аслии ҷорӣ кардани маҳдудияти нобаҳангоми барқ дар вилояти Суғд унвон мешавад.

Нерӯи барқ аз Қирғизистону Узбакистон

Намояндагии ширкати «Барқи Тоҷик» дар Хуҷанд мегӯяд, имрӯзҳо минтақаи шимолии Тоҷикистон тақрибан 12.5 миллион киловатт/соат дар шабонарӯз дарёфт мекунад . Дар ҳоле ки ба 14 миллион киловатт/соат ниёз дорад.

Мутахассисини соҳаи барқ мегӯянд, хати барқи Ҷануб–Шимол дар ҳоли кунунӣ бо ягона трансформаторе, ки дорад, тавони интиқоли то 12 миллион киловатт/нерӯи барқро дорад. Аммо дар шабонарӯзҳои ахир ин хат ба вилояти Суғд тақрибан 10 миллион киловатт/соат нерӯи барқ интиқол медиҳад. Хати барқи Ҷануб–Шимол барои интиқоли қариб се баробар зиёд нерӯи барқ иқтидор дорад, ба шарте ки чанд трансформатор гузошта шавад.

Таъсири бебарқӣ ба зиндагии сокинон

Аҳолии беш аз 2 миллионии вилояти Суғд танҳо сеяки нерӯи барқро истифода мекунад ва бар дӯши он 3–3.5 миллион киловатт/соат истифодаи барқ рост меояд. Маҳдудияти интиқоли барқ ҳам барои хонаҳои сокинон ҷорӣ шудааст. Аммо пойгоҳҳои обкашии бахши кишоварзӣ, ки қисми зиёди нерӯи барқ, тақрибан 9 миллион киловатт/соат дар шабонарӯз фурӯ мебарад, шабу рӯз бо барқ таъмин аст.

Ба тариқи вейерӣ, яъне ба навбат дар соатҳои гуногун қатъ гаштани нерӯи барқ ба сокинони маҳалҳо, асосан деҳоти Суғд душвориҳову сахтиҳо овардааст. Як зани сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ба Озодӣ гуфт: «Аз ҳама бадаш, намедонӣ кай барқро хомӯш мекунанд. Як рӯз саҳарӣ мебинӣ, ки барқ нест ё бегоҳ то шом намедиҳанд . Шамъ гиронда, рӯшноии барқ мепоем. Яхдонҳо бебарқ, гӯшту хӯрокҳо - вайрон мешавад, бисёр бачаҳо – шикамдард … »

Маҳдудияти барқ аз ҳама беш ба фаъолияти соҳибкорҳои маҳалӣ, осиёбҳои барқиву устохонаҳои чубкорӣ ва фурӯшандаҳои хӯроквории хунукиталаб, мисли яхмосу шир таъсир расондааст, ки аз чанд соати бебарқӣ зиёнҳои молӣ мебинанд.

Маҳдудият кай хотима меёбад?

Масъулини ширкати «Барқи Тоҷик» дар вилояти Суғд мегӯянд, ки барҳам додани маҳдудияти барқ ба пастравии ҳарорати ҳаво вобаста аст. Муъмин Тошматов – муовини раиси ширкати мазкур дар Хуҷанд гуфт, эҳтимол баъди ду ҳафта маҳдудият поён ёбад. Агар табиат ҳам бихоҳад ва ҳарорат паст равад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG