Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози моҳи Рамазон дақиқ шуд


Шӯрои Уламои Тоҷикистон рузи сешанбе қарореро интишор дод, ки тибқи он дар таърихи 11 моҳи август мусодиф ба рӯзи аввали моҳи Рамазон шуда, оғози рӯзадорӣ хоҳад буд. Ёздаҳуми сентябр дар рӯзи чаҳоршанбе рост меояд. Дар ин бора мудири шӯъбаи фатвои Маркази исломии Тоҷикистон Қобилҷон Боев ба радиои Озодӣ гуфт, дар ҷаласаи аввали ҳамин ҳафта Шӯрои уламои Тоҷикистон пас аз ҳисобу андозагирӣ ба ин натиҷа омаданд, ки 11 моҳи август оғози мози Рамазон эътироф шавад. Ба қавли Қобилҷон Боев, ҳар сол даҳ рӯз пеш мардум рӯзаро истиқбол мекунанд.
XS
SM
MD
LG