Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Натоиҷи анҷумани шарикони Афғонистон дар Кобул


Анҷумани шарикони байналмилалии Афғонистон, ки имрӯз дар Кобул бо ширкати ҳайъатҳо аз 70 кишвару созмони байналмилалӣ доир шуд, аз қасди раиси ин ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзайҷиҳати то поёни соли 2014 бар ӯҳдаи нирӯҳои маҳаллӣ гузоштани масъулияти таъмини амният пуштибонӣ кард. Аҳли нишаст ҳамчунин хостори то 2 соли оянда аз 20 дарсади феълӣ ба дастикам 50 дарсад расондани саҳми давлати Афғонистон дар амри истифодаи кӯмакҳои рушд шуданд, вале ҳамзамон аз Кобул замонат хостанд, ки ҷиҳати мубориза бо фасод ва беҳбуди шеваи идораи кишвар сахттар амал кунад.
Дабири кулли НАТО Андерс фог Расмуссен гуфт, нирӯҳои НАТО баъд аз таҳвили масъулият ба нирӯҳои афғон ҳам ба хотири кӯмак дар Афғонистон хоҳанд монд. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дар поёни анҷуман гуфт, то кунун чунин тасвири мушаххасе аз ояндаи Афғонистон дида нашуда буд: “Ончӣ мо ба даст овардем, аҳамияти азиме дорад. То ҳол ҳеҷ гоҳе мо чунин тасвири мушаххасе аз ояндаи Афғонистон надоштем. Гузашта аз ин, ин тасвирест, ки худи мардум ва давлати Афғонистон кашидаанд.”
Ин нахустин анҷумани байналмилалии махсуси ояндаи Афғонистон буд, ки дар пойтахти ин кишвар баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG