Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: Масъулиятро то соли 2014 хоҳем гирифт


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай имрӯз дар ифтитоҳи анҷумани шарикони байналмилалии кишвараш дар Кобул гуфт, Афғонистон то соли 2014 масъулияти таъмини амнияташро бар дӯши худ хоҳад гирифт. Карзай дар ин ҳамоиш, ки бо ширкати ҳайъатҳо аз тақрибан 70 кишвару созмони байналмилалӣ мегузарад, ҳамчунин хостори назорати бештари давлаташ бар миллиардҳо доллари кӯмак ба рушди Афғонистон шуд. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ва дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дар ин анҷуман хостори муборизаи бештари Кобул бо фасод шуданд.
Дабири кулли НАТО Андерс фог Расмуссен гуфт, нирӯҳои НАТО баъд аз таҳвили масъулият ба нирӯҳои маҳаллӣ низ ба хотири кӯмак дар Афғонистон хоҳанд монд.
Дар арафаи анҷумани Кобул тадобири амниятиро шиддат дода, нирӯҳои НАТО дар бораи куштану боздошти чандин ҷангии толиб, ки ба ҳамлаҳо алайҳи ин ҳамоиш омодагӣ мегирифтанд, хабар доданд. Бо ин ҳол, ҳамлаи мушакӣ дар фурудгоҳи Кобул боиси таъхир дар роҳи ба анҷуман расидани дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ва вазирони хориҷаи Шветсияву Дания Карл Билдт ва Лин Эсперсен шудааст. Ҳавопаймои ҳомили Мун ва Билдт маҷбур шуд, ки дар фурудгоҳи Багром пойин шавад, вале ҳавопаймои Эсперсен ба Қазоқистон рафт.
XS
SM
MD
LG