Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 6 сарбози турк дар шабехуни чирикиҳои курд


Мақомоти Туркия мегӯянд, шаби гузашта дар натиҷаи шабехуни чирикиҳои марбут ба ҳизби коргарии Курдистон ба як қароргоҳи нирӯҳои артиш дар устони Ҳаккорӣ, дар наздикии марзи Ироқ, 6 сарбози артиши Туркия кушта шуданд.
Як рӯз қабл дар ҳамин минтақа бар асари як инфиҷор 11 сарбози савори як мошин ҷароҳат бардоштанд. Чирикиҳои ҳизби коргарӣ дар моҳи гузашта давлатро ба фаъолияти нокофӣ дар амри таъмини ҳуқуқи қавми курд айбдор карда, оташбасеро, ки 14 моҳ боз идома дошт, қатъ карданд ва ин боиси афзоиши даргириҳо миёни ин чирикиҳо ва нирӯҳои артиши Туркия шуд. Мақомоти Туркия ҷамъи чирикиҳои ҳизби коргариии Курдистонро дар ҳудуди 4000 рақам мезананд, ки аксар ҳамалоти худ дар ҷанубушарқи Туркияро аз паноҳгоҳҳои воқеъ дар кӯҳистони шимоли Ироқ роҳандозӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG