Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози сафари ҳаштрӯзаи Патриарх Кирилл ба Украина


Усқуфи аъзами калисои православии Русия Кирилл сафари ҳаштрӯзааш ба Украинаро имрӯз аз дидори Одесса шурӯъ кард. Ӯ сипас аз Днепропетровск ва Киев низ дидан карда, интизор меравад, бо Виктор Янукович, раисиҷумҳури рӯ ба Маскави Украина низ мулоқот кунад. Ҷонибдоронаш тақвияи равобити маънавӣ миёни ду қавми славян ва мусолиҳа миёни калисоҳои православии Русияву Украинаро, ки соли 1991, дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҳам ҷудо шуданд, аз аҳдофи сафари патриарх Кирилл ба Украина меноманд. Вале мунтақидон мегӯянд, ҳадафи аслӣ густариши нуфузи мазҳабиву сиёсии Русия дар ин қаламрав аст.
XS
SM
MD
LG