Пайвандҳои дастрасӣ

"Нирӯҳо дар Ӯшу Ҷалолобод бадрафторӣ кардаанд"


Навӣ Пиллай, куммиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар, гуфт, иттилооте дар даст дорад, ки нирӯҳои амниятии Қирғизистон дар ҷануби ин кишвари Осиёи Марказӣ, маҳалли даргириҳои хунини қавмии моҳи июн, аз бадрафторӣ, аз ҷумла аз шиканҷаву боздоштҳои худсарона, истифода бурдаанд. Дар изҳороти имрӯз нашркардааш Навӣ Пиллай мегӯяд, “шумори бузурги мардуми аксаран ҷавон ва амалан ҳамагӣ узбак мавриди боздоштҳои худсарона қарор гирифтанд, ки нафақат баёнгари шеваи мудҳиши бархӯрди муғризонаи қавмист, балки ҳамчунин хеле аз аслҳои бунёдии ҳам қонунҳои Қирғизистон ва ҳам қавонини байналмилалиро поймол мекунад.” Ӯ афзуд, бино бар маълумоти бадастовардаи кормандонаш дар Қирғизистон, “мақомоти маҳаллӣ аз мавориди боздоштҳои ғайриқонунӣ, шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба маҳбусон чашм мепӯшиданд.”
Низоъҳои қавмии моҳи июн байни қирғизҳову узбакҳо дар Ӯшу Ҷалолобод мунҷар ба ҳалокати беш аз 300 нафар ва беҷо шудани то 400 000 нафар шуд.
XS
SM
MD
LG