Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷагирии озмуни қориҳои Қуръон дар Душанбе


Дар озмуни ҷумҳуриявии қориҳои Қуръон, ки дар Душанбе доир шуд, Кароматуллоҳ Тайфуров, донишҷӯи соли севвуми Донишкадаи исломии Тоҷикистон ғолиб омад. Ба навиштаи хабаргузории “Азия Плюс”, барандаи ин озмун соҳиби роҳхати сафари Ҳаҷҷ шудааст. Дар маҷмӯъ барои баргузории озмуни қориёни Қуръон 45 000 сомонӣ ихтисос ёфта, ҷоизаҳои дигари ин сабқатро низ донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон Муқтадӣ Абдулҳаев ва Александр Максимов ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG