Пайвандҳои дастрасӣ

Пардохтҳои гумрукӣ 180 миллион камтар шудааст


Ҳаҷми пардохтҳои гумрукӣ ба будҷаи давлатии Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 180 миллион сомонӣ, муодили беш аз 41 миллион доллар, коҳиш ёфтааст. Неъмат Раҳматов, раҳбари хадамоти гумруки Тоҷикистон бӯҳрони саросарии молӣ ва ҳамин тавр, дар қаламрави Узбакистон банд шудани вагонҳои роҳии Тоҷикистонро, ки 4 моҳ боз идома дорад, аз далоили аслии коҳиши ҳаҷми пардохтҳои гумрукӣ ном бурд.
Нақшаи имсолаи пардохтҳои гумрукӣ 1 миллиарду 850 миллион сомонӣ, ё 421 миллион доллар, баровард шудааст, вале дар нимаи аввали сол ҳаҷми ин пардохтҳо ҳамагӣ наздики 727 миллион сомониро ташкил дод, ки аз нақша камтар аст.
XS
SM
MD
LG